Матни равон

Имрӯз, 24.07.2023 дар тарабхонаи “Манижа”-и шаҳр даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Дастархонороӣ” баргузор карда шуд. дар озмуни мазкур ҷамоати шаҳракҳо ва дигар муассисаҳо иштирок намуданд.

Муовини Раиси шаҳри Гулистон Шарифҷони Саидраҳмон зимни суҳбат зикр намуд, ки бо мақсади амалисозии банди 32 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023, №АП-318 Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 ва иҷрои қарори Раиси шаҳр даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии "Дастархонороӣ" баргузор гардида истодааст.

Ҳадафи озмуни мазкур татбиқи муваффақонаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эҳё ва рушди суннату анъана ва ҳунарҳои мардумӣ оростани дастархон буда, имконият фароҳам меорад, ки бо истифодаи сарфакории моҳирона сифати дастархонороӣ дар тӯю маъракаҳо беҳтар гардад.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки мардуми тоҷик аз замонҳои қадим то ба имрӯз соҳиби расму оин ва маросимҳои гуногун буданд, ки аксари онҳо дорои хусусияти ахлоқию маънавӣ ҳастанд.

Боиси таассуф аст, ки мардум ба қадри ин расму оинҳо нарасида, дар тӯли асрҳо ба онҳо тағйироти зиёде ворид кардаанд, ки дар натиҷа асолат ва моҳияти маънавии онҳо аз байн рафта, ба маросимҳои мушкилу маъракаҳои исрофкорӣ ва худнамоӣ табдил ёфтаанд.

Рафъи ин мушкилот, пеш аз ҳама, зарурати танзими расму оинҳои милливу диниро тақозо менамуд. Бо назардошти ҳамин талабот Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон танзими анаъанаҳо ва ҷашну маросимҳои милливу диниро ба ҳайси яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлатӣ ба ҳисоб гирифта, тамоми саъю талоши худро дар ин самт барои қабули қонунҳои саривақтӣ ва таъмини сатҳи баланди зиндагии мардум равона намуд.

Ба ҳамин муносибат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” бо раъй ва пешниҳоди мардуми кишвар қабул гардид.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар баробари ҳадафҳои иқтисодӣ барои баланд бардоштани маданият ва фарҳанги баргузор намудани маъракаҳои мардумӣ ва риояи талаботи қонунгузории кишвар низ мусоидат карда, дар ҳалли мушкилии иҷтимоии ҳазорҳо ҷавон нақши мусбат гузошта истодааст.

Баргузор намудани озмуни шаҳрии “Дастархонороӣ” бори дигар барои баланд бардоштани маърифати дастархонороии мардуми мо мусоидат мекунад.

Сипас, ҳайати ҳакамон аз дастархонҳои ороста шуда дидан намуданд. Пас аз натиҷагирӣ ғолибон муайян гардиданд. Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон соҳиби мақоми аввал, Ҷамоати шаҳраки Сирдарё соҳиби мақоми дуюм, беморхонаи марказии шаҳр соҳиби мақоми сеюм ва ҷамоати шаҳракҳои Адрасмон ва Зарнисор соҳиби зинаҳои ифтихорӣ гардида, бо диплом, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сарфароз гардонида шуданд.

Дар фарҷом, санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр баҳри болидарӯҳии иштирокчиён сурудҳои марғуб сароиданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:846
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3252
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:21139
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:16284
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:84093
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:81973
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7972441

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?