27 Июл 2023
26 июли соли 2023 Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода аз фаъолияти ҶДММ “Маҳина” дидан намуда, бо рафти омодасозии сару либоси мактабӣ шинос гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки муассисаҳои таълимии шаҳр ҷиҳати таъмини хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо сару либоси мактабӣ бо ҶДММ “Маҳина” шартнома ба имзо расонидаанд ва дар ин асос коргоҳи дӯзандагии ҶДММ “Маҳина” сару либоси мактабиёнро омода месозад.
Ҷаннатой Абдалиева директори ҶДММ “Маҳина” ба Раиси шаҳр иттилоъ дод, ки панҷоҳ дарсади сарулибосҳои мактабиён омода гардидаат ва фурӯши онҳо оғоз гардидааст.
Раиси шаҳр сарулибоси мактабӣ ва пойафзолҳоро аз назар гузаронида ба сифати маҳсулоти истеҳсолшуда баҳои баланд дод.
Ба масъулини корхона супориш дода шуд, ки дар муҳлати муайянгардида дӯхти сарулибоси мактабиён ба охир расонида шавад.
Лозим ба зикр аст, ки коргоҳҳои дӯзандагӣ ва пойафзолбарории ҶДММ “Маҳина” соли 2022 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуда буд. Масъулини корхона тибқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва саҳм гузоштан дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.