Матни равон

Санаи 28.07.2023 тибқи нақшаи кории тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, нақшаи кории филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳр, ва қисми ҳарбии 45025-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон"  ва "Пешгирии коррупсия кори дастаҷамъист" бо сарбозон ва афсарони қисми ҳарбии 45025-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд баргузор карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр ва Абдуворисзода Абӯалӣ  муовини сардори қисми ҳарбии 45025 оид ба корҳои тарбиявию сиёсӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон" 24.12.2022, №1920 қабул гардида, аз 5 боб ва 21 модда иборат мебошад.

Қонуни мазкур ҳадаф, принсипҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии онро муқаррар карда, муносибатҳои вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, таъмин ва танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муайян менамояд.

Мафҳумҳои асосии Қонуни мазкурро мафҳумҳои Ватан, ватандӯстӣ, дастгирии давлатии субъектҳои тарбияи ватандӯстӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, низоми тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, тарбия, тарбияи ватандӯстӣ, тарбияи маънавӣ-ахлоқӣ, тарбияи шаҳрвандӣ-ватандӯстӣ, тарбияи ҳарбию ватандӯстӣ ва ҳисси шаҳрвандӣ ташкил медиҳанд.

Мақсади тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон,  ташаккул додани айнияти шаҳрвандӣ, сифатҳои баланди ахлоқӣ, ҳувияти миллӣ, тафаккур ва ҳисси ватандӯстӣ дар ниҳоди шаҳрвандон, тарбия намудани шаҳрвандон дар руҳияи муносибати ватандӯстона ба ҷомеа ва давлат дар заминаи фаъолияти баланди ҷамъиятӣ, масъулияти шаҳрвандӣ, омодагӣ ва қобилияти хизмат ба Ватан, таҳкиму таъмини манфиатҳои ҳаётан муҳим ва рушди устувори давлат, ҳамчун арзишҳои муҳими иҷтимоӣ ва маънавию ахлоқӣ тақвият додани заминаҳои ҳисси шаҳрвандӣ ва ватандӯстӣ дар ҷомеа, ташаккул ва рушди сифатҳои неки шаҳрвандӣ-иҷтимоии насли наврас ва қобилияти аз ҷониби онҳо зоҳир намудани ин сифатҳо дар раванди бунёдкориҳо ба нафъи ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар намудҳои фаъолияте, ки ба таъмини амнияти онҳо алоқаманданд мебошад.

Вазифаҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ин ташаккули худшиносии миллӣ, муносибати арзанда ба шахсият, ҷомеа, давлат, ғояву арзишҳо, инчунин эҳё ва рушди онҳо. ҷалби насли наврас ба низоми арзишҳои иҷтимоию маданӣ, ки таъриху фарҳанги ғанӣ ва ба худ хоси Ватану миллатро инъикос менамояд, дар тафаккури онҳо ташаккул додани арзишҳои олии маънавию ахлоқӣ, маданӣ ва худогоҳӣ, талабот ба рушди минбаъдаи онҳо. Фароҳам овардани шароити мусоид барои аз ҷониби шаҳрвандон зоҳир намудани ҳисси ватандӯстӣ, адои шоистаи қарзи ҷамъиятию давлатӣ ва ҳарбӣ дар самтҳои гуногуни фаъолият ва муносибат бо назардошти манфиат ва талаботи онҳо. Тарбияи эҳтиром ба қонун, меъёрҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, ҳисси масъулияти иҷтимоӣ ҳамчун сифатҳои муҳими шахс, ки дар ғамхорӣ ба некуаҳволии кишвари худ, таҳким ва ҳифзи он зоҳир мегарданд. Тарбияи меҳнатдӯстӣ ҳамчун арзиши муҳими зиндагӣ, майли ба манфиати ҷомеа ва давлат меҳнат кардан. Ташаккули талабот ба рушди маънавию ахлоқӣ, пешбурди тарзи ҳаёти солим, ғамхорӣ ба пиронсолону наздикон, дастгирии муҳити созгор дар коллективи меҳнатӣ мебошад.

Ҳамчунин, доир ба пешгирии коррупсия, ки монеаи рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа аст суханронӣ карда шуда, таъкид карда шуд, ки мубориза бо ин омили номатлуб кори дастаҷамъӣ мебошад.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3442
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3446
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:20501
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17903
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:53804
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:99080
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8562238

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?