Матни равон

Муҳтарам кормандони Хадамоти оташнишонӣ!

Хадамоти давлатии оташнишонӣ яке аз хадамоти бонуфузи Вазорати корҳои дохилӣ ба шумор рафта, фаъолияти он асосан дар ду самт-омодагӣ барои сӯхторхомӯшкунӣ ва назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор амалӣ карда мешавад.

Соли равон 95-умин солгарди таъсисёбии Хадамоти давлатии оташнишонӣ ҷашн гирифта мешавад. Бо қарори Кумитаи Марказии иҷроияи Шӯрои комиссарони халқии Ҷумҳурии мухтори шӯравӣ-сотсиалистии Тоҷикистон аз 30-юми июли соли 1928 хадамот дар шакли «Назорати давлатии бехатарӣ» таъсис ёфтааст.

Ҳамагон медонанд, ки дар ҳаёт аз наҷоти ҷони инсон чизи наҷибтаре нест. Дар ҳама давру замон беҳтаринҳо барои сӯхторхомӯшкунӣ интихоб карда мешуданд. Дар тӯли солҳои мавҷудияти худ, ниҳоди сӯхторнишонӣ бисёр марҳилаҳоро паси сар кард, аммо ҳадафҳо ва вазифаҳои хидмат бетағйир монданд - хомӯш кардани оташ ва наҷоти одамон. Мутахассисони ин касб ҳамеша бо далерӣ, ҷасорат, муҳаббат ва садоқат ба кори худ ва омодагии ҳамешагӣ матонат нишон медиҳанд, зеро мубориза бо оташ ҳар рӯз аз онҳо кордониву зиракӣ, тахассуси баланд ва мардонагии шахсиро талаб мекунад.

Алҳол дар шаҳри Гулистон Қисми мустақили 37-уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати шаҳри Гулистон фаъолияти пурсамари хизматӣ дорад. Дар ин қисми оташнишонӣ беш аз 25 нафар сўхторнишонони соҳибтахассус фаъолияти пурсамар доранд. Қисми мазкур бо таҷҳизот ва техникаҳои муосир ҷиҳозонида шуда, кормандони ин ниҳод ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор доранд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон минбаъд низ бо мақсади пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нохуши сўхтор дар иншооти хоҷагии халқ, минтақаҳои аҳолинишин ва хонаҳои шахсӣ, ташкилоту муассисаҳо ва аз ҳама муҳимаш он ҷойҳое, ки кўдакони мо тарбияву таҳсил менамоянд, таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, баҳри иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарӣ аз сўхтор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷидду ҷаҳд менамояд.

Итминон дорам, ки аз афсарони баландрутба то хизматчиёни қатории ин ниҳод, минбаъд низ барои пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нохуши сўхтор, таъмини зиндагии осоиштаи мардум маҳорати касбӣ ва донишу малакаи худро дареғ намедоранд ва ба халқу Ватани азизамон беғаразона, бо дасту дили пок ва содиқонаву софдилона хизмат менамоянд.

Бо ҳамин умедҳо ҳамаи Шумо - кормандони Хадамоти давлатии оташнишониро бо иди касбиатон табрик гуфта, дар адои хизмати пуршарафу пурмасъулият ба манфиати давлат ва халқи Тоҷикистони азиз саломатӣ, азму иродаи қавӣ ва барору комёбиҳо орзу менамоям.

Иди касбӣ муборак!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3320
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3446
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:20379
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17903
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:53682
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:99080
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8562116

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?