Матни равон

Оила дар пешгирии зуҳуроти хуруфотпарасти нақши калиди дорад, зеро он нахустин мактабест, ки хишти аввали тарбия маҳз дар он ҷо гузошта мешавад ва агар ин хишт ибтидо каҷ гузошта шавад, то ба охир девори он каҷ хоҳад шуд. Дар ин самт, пеш аз ҳама, волидон бояд, ки нисбат ба раванди тарбияи фарзандон бетафовут набуда, бо онҳо кор баранд,  то ки онҳо сараро аз носара фарқ карда тавонанд. Воқеан, хурофот чист ва чаро бояд аз он канораҷўи кард?

Аз нуқтаи назари таълимоти дини, хурофот зуҳуротест, ки аз доираи дин берун аст. Хурофот дар аксари маврид мардумро ба худ гирифтор сохта, барои ба таври пайваста баланд ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии онҳо монеаи ҷидди эҷод мекунад. Дар мавриди хурофот баёни андешаҳо, фирку мулоҳизаҳо гуногунанд ва дар заминаи муқоисаи андешаҳои дар боби он баёншуда, мафҳуми хурофотро чунин шарҳ додан мумкин аст: “Хурофот силсилаи бовариҳо ва ақидаҳо оид ба ин ё он мавзўи хосеро меноманд, ки дар зеҳни ин ё он гурўҳи муайян, бо сабаби дар бораи он мавзўъ дониши кофи надоштанашон шакл мегирад”.

Пас, зарур аст, ки волидон ҳама гуна рафтори фарзандонро зери назорат гиранд ва маҳз ба ҳамин роҳ метавонанд дар пешгирии хуруфотпарасти нақш гузоранд. Боиси ёдоварист, ки хурофот дар зеҳни инсон дар натиҷаи ноогоҳии инсон аз робитаҳои байни ҳодисаҳо ва падидаҳои олами зуҳур намуда, аз лиҳози илми исботнашаванда аст. Дар ин росто, хулосаи мантиқи баровардан мумкин аст, ки хурофот дар кадом ҷомеае, ки набошад, бештар дар байни афроде густариш ва нуфуз пайдо мекунад, ки камтар таҳсил кардаанд ё сатҳи донишу маърифати илмиашон паст мебошад.

Фикру андешаҳои илми, ки нисбат ба хурофот баён гардидааст, дар ҷомеаи имрўзаи мо ҷой дорад ва дар ҳаёти имрўзаи ҳар як фард нақши муҳим бозида метавонад. Яке аз ҳадафҳои асосии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба низоми муайяну меъёрнок ва идорашаванда даровардани анъанаҳо ва ҷашну маросими милли ва дини, инчунин, бартараф кардани хурофоти сершуморе мебошад, ки онҳо дар давраҳои гуногуни таърихи ба таркиби фарҳанги дини ва миллии мардуми тоҷик ворид шудаанд. Яъне, ҳадафи асоси аз қабули ин Қонун ба танзим даровардани равандҳои дини, аз ҷашну маросими дини ҷудо намудани хурофот ва аз байн бурдани онҳо мебошад. Масъалаҳои илмие, ки дар бобати хурофот ва хурофотпарасти баён шудаанд, барои ҳаёти ҷомеаи имрўзаи тоҷик низ нақши муҳимро мебозад, чунки дин ва фарҳанги миллати тоҷик ҳеҷ гуна алоқаманди ба хурофот ва хурофотпарасти надоранд.

Масъалаи хурофотпарасти ва тақлидкори дар яке аз Паёмҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомали Рамҳмон мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, дар он Пешвои миллат аз зуҳуроти нангини бегонапарасти, тақлиду таассуб ва зоҳирпарасти изҳори нигарони намуда, аз ҷумла таъкид кардаанд: «Сиёсатмадорону сиёсатшиносон, фарҳангиён ва зиёиёни моро зарур аст, ки дар самти фаҳмондадиҳии моҳияти равандҳои муосир, мубориза бо хурофоту иртиҷоъпарасти ва тақлид ба расму ойинҳои бегона миёни ҷомеа корҳои тарғиботиро тақвият бахшида, рисолати сиёсиву иҷтимои ва фарҳангии худро дар назди халқу Ватан содиқона иҷро намоянд».

Инчунин, ҳар амале, ки баёнгари риёкори ва худнамоии мардум аст ва аз назари шариати исломи ҳаром аст, бешак амалҳое мебошанд, ки алоқамандии зич бо хурофот ва хурофотпарасти доранд ва ин амалҳо дар шариат нодуруст ба шумор меравад.

Дар ҳамин замина оила бояд, ки насли имрўзаю ояндаро дар руҳияи баланди ватандўстию хештаншиноси, худшиносию худогоҳии милли тарбия намояд, то фарзандон дар ҳифзи урфу одат, расму оин, забону фарҳанг ва манфиатҳои миллиамон ҳамеша омода бошанд ва хуб дарк намоянд, ки фарҳангу маданияти миллати куҳанбунёди тоҷик бо хурофотпарасти ҳеҷ ягон алоқа надорад ва дошта низ наметавонад.

 

Гулчеҳра САФАРОВА,

омўзгор, узви фаъоли ҲХДТ

Бознашр аз рӯзномаи

“Минбари халқ”, №29 аз 26 июли соли 2023

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3368
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3446
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:20427
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17903
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:53730
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:99080
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8562164

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?