Матни равон

Варзишгарони арҷманди гулистонӣ!

Ҳамасола 10 август, дар кишвари соҳибистиқлоламон Рӯзи варзишгарон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Ин санаи фархундаро ба кулли варзишгарон, собиқадорону мураббиён ва кормандони соҳаи варзиши шаҳр табрику таҳният гуфта, бароятон саодати рӯзгор, тансиҳативу хонаободӣ, муваффақият ва дастовардҳои калони варзиширо таманно дорам.

Варзиш қосиди сулҳу ваҳдат аст. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд: «Варзиш омили тавоноӣ, таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории халқияту давлатҳо мебошад».

Роиҷ ба зикр аст, ки ҳанӯз аз замонҳои қадим мардуми мо ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш рағбати зиёд дошта, онро ҳамчун воситаи муҳими беҳдошти саломатӣ, ташаккули ҷисмониву маънавӣ ва мустаҳкам намудани дӯстӣ байни қавмҳо васеъ истифода менамудаанд.

Боиси ифтихор аст, ки нуфузи тарбияи ҷисмонию варзиш сол то сол боло рафта, таваҷҷуҳи давлату ҳукумат низ ба ин соҳа бештар ва дар ин замина дастовардҳои варзишгарон дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ меафзояд. Қабул гардидани Барномаҳои давлатӣ, таъсис додани стипендияҳо, ҷоизаҳо, грантҳои президентӣ ва сохта ба истифода додани даҳҳо иншооти муҳташами варзишӣ аз таваҷҷуҳи хосаи давлату ҳукумати кишвар нисбати рушду такомули варзиш шаҳодати рушди бемайлони варзиш дар кишвар аст.

Бояд қайд намуд, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди шаҳри Гулистон ва ҷамоати шаҳракҳои тобеи он беш аз 130 иншооти варзишӣ қомат афрохта, дари худро барои дӯстдорони варзиш боз намудаанд. Ин ҳама шароитҳои мусоид барои таъмини оммавияти варзиш, ҷалби ҷавонону наврасон ба тарбияи ҷисмонию варзиш, омода намудани варзишгарони касбӣ ва дар маҷмуъ барои тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҳамагуна падидаҳои номатлуб дар байни ҷомеа нигаронида шудааст.

Ин аст, ки варзишгарони шаҳр дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар маҷмуъ соҳиби 837 медал гардиданд.

Итминони комил дорам, ки минбаъд низ варзишгарони шаҳр барои ноил гардидан ба дастовардҳои бузурги варзишӣ ҷидду ҷаҳд намуда, обрӯ ва нуфузи шаҳри Гулистонро шоиста муарифӣ хоҳанд кард.

Бори дигар бо самимияти бепоён кулли варзишгарони шаҳрро ба ифтихори Рӯзи варзишгарон муборакбод гуфта, бароятон бурдбориву комёбиҳои беназир таманно дорам.

Ҳамеша сарбаланду дастболо бошед!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:4294
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3252
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:21529
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:16250
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:87541
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:81973
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7975889

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?