Матни равон

Имрӯз, 11.08.2023 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр бахшида ба Рӯзи варзишгарон чорабинии тантанвӣ баргузор гардид.

Муовини Раиси шаҳри Гулистон Шарифҷони Саидраҳмон паёми табрикотии Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзодаро ба самъи иштирокчиён расонид.

Зикр гардид, ки ҳанӯз аз замонҳои қадим мардуми мо ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш рағбати зиёд дошта, онро ҳамчун воситаи муҳими беҳдошти саломатӣ, ташаккули ҷисмониву маънавӣ ва мустаҳкам намудани дӯстӣ байни қавмҳо васеъ истифода менамудаанд.

Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз рукнҳои арзишмантарин ва муҳимтарини ҷомеа барои тарбияи насли наврас ва инсоният ба ҳисоб меравад. Зеро мақсади асосии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш танҳо иборат аз таҳкими саломатии инсон нест, балки он бо тарбияи меҳнатӣ, ақлӣ, ахлоқӣ ва эстетикӣ низ пайванди ногусастанӣ дошта, муаррифгари давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Боиси ифтихор аст, ки нуфузи тарбияи ҷисмонию варзиш сол то сол боло рафта, таваҷҷуҳи давлату ҳукумат низ ба ин соҳа бештар ва дар ин замина дастовардҳои варзишгарон дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ меафзояд.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар як қатор санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ ва барномаҳои соҳавӣ давра ба давра таҳия ва мавриди амал қарор гирифтанд, ки ба рушди соҳаи варзиш заминаи мусоид гузошт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки “Маҳз ҷавононанд, ки дар оммавигардонии варзиш нақши асосӣ дошта, ба шарафи пирӯзиҳои онҳо парчами Тоҷикистони маҳбуби мо дар гӯшаҳои гуногуни дунё парафшонӣ мекунад”.

Ҳамчунин, таъкид карда шуд, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди шаҳри Гулистон ва ҷамоати шаҳракҳои тобеи он беш аз 130 иншооти варзишӣ қомат афрохта, дари худро барои дӯстдорони варзиш боз намудаанд. Ин ҳама шароитҳои мусоид барои таъмини оммавияти варзиш, ҷалби ҷавонону наврасон ба тарбияи ҷисмонию варзиш, омода намудани варзишгарони касбӣ ва дар маҷмуъ барои тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҳамагуна падидаҳои номатлуб дар байни ҷомеа нигаронида шудааст.

Дар ҳудуди шаҳр дар маҷмуъ 130 иншооти варзишӣ фаъолият дошта, аз ин теъдод 55 майдончаи варзишӣ, 6 ҳавзи шиноварӣ, 9 варзишгоҳ ва 26 толори варзишӣ мебошад. Барои таъмиру тармим ва азнавсозии иншооти варзишӣ ҳамасола маблағҳои зарурӣ ҷудо карда мешаванд.

Дар шаҳр як мактаби варзишии кӯдакону наврасон фаъолият дорад, ки  кӯдакону наврасон ба машқу тамрини намудҳои гуногуни варзиш фаро гирифта шудаанд.  Варзишгарони шаҳр дар давоми 6 моҳ дар  5 мусобиқаҳои дохилимактабӣ – бо гирифтани  155 медал, 22 мусобиқаи шаҳрӣ бо гирифтани 673  медал, 1 мусобиқаи вилоятӣ бо гирифтани 6 медал, дар 1 мусобиқаи қумҳуриявӣ бо гирифтани 23 медал ва дар 1 мусобиқаи  ҷумҳуриявӣ 3 медал мушарраф гардиданд. Дар маҷмӯъ варзишгарон давоми шаш  моҳи соли ҷорӣ соҳиби 837 медал гардиданд.

Ҳамчунин, дар ин давра 130 маротиба мусобиқаҳои деҳа ба деҳа ва маҳал ба маҳал байни ташкилоту идораҳо оид ба намуди футбол, волейбол, гуштин ва шашкаю шоҳмот ташкил ва баргузор карда шуд.

Ҳамчунин, боиси хушнудист, ки соли ҷорӣ аз ҷониби варзишгари муваффақи шаҳр – футболбози бомаҳорат Ҷаҳонгир Эргашев дар шаҳр академияи футболи “Сомониён” таъсис дода шуда, дар он кӯдакону наврасон ба тамрини варзиши рақами 1-и сайёра –футбол машғул мебошанд.

Изҳори итминони карда шуд, ки минбаъд низ варзишгарони шаҳр барои ноил гардидан ба дастовардҳои бузурги варзишӣ ҷидду ҷаҳд намуда, обрӯ ва нуфузи шаҳри Гулистонро шоиста муарифӣ хоҳанд кард.

Дар вазъи тантанавӣ ба собиқадорони соҳа, варзишгарони муваффақ ва мураббиён сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим карда шуд.

Сипас, барномаи рангини фарҳангии санъаткорони шаҳр ба чорабинии шаҳрӣ шукӯҳу ҷилои тоза бахшид.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:427
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1357
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:7941
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:29213
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:59078
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8268590

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?