Матни равон

`

Муҳтарам собиқадорон ва кормандони соҳаи тиб!

Ҳамасола дар кишвари азизамон - Тоҷикистон санаи 18-уми август ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаи тиб бо шукӯҳ таҷлил карда мешавад. Вобаста ба ин кулли собиқадорон ва кормандони соҳаро бо иди касбӣ-Рӯзи кормандони соҳаи тиб самимона муборакбод гуфта, ба Шумо фаъолияти садоқатмандона ба халқу ватан ва барои кору тансиҳативу иқболи баланд таманно менамоям.

Соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ба шумор рафта, дар давоми беш се даҳсолаи охир бомаром рушд карда, то ба имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст.

Хукумати мамлакат дар ин давра ба пешрафти соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои ҳалли мушкилоти ин соҳаи ҳаётан муҳим тадбирҳои зиёдеро амалӣ гардонид.

Дар ин раванд, аксари санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа таҳия гардида, идоракунӣ ва маблағгузории он ба низом дароварда шуд, кумаки аввалияи тиббию санитарӣ рушд кард ва таҷдиди муассисаҳои тиббию фармасевтӣ амалӣ гардид.

Саҳми босазо ва арзандаи Шумо табибони гиромиқадр дар сиҳатмандии аҳолӣ басо назаррас арзёбӣ гардида, бешак корномаҳои якояки Шумо  қобили зикр ва шоистаи таҳсин мебошад.

Махсусан, корнамоиҳои табибон дар рӯзҳои вазнини бавуҷудоии бемории ҳамагири КОВИД-19 хеле хуб эҳсос гардид. Соли 2020 барои тамоми кормандони соҳаи тиб, аз ҷумла табибон ва ҳамшираҳои шафқат соли санҷиши донишу маҳорати касбӣ, давраи вазнини мубориза бар зидди зукоми хавфнок – бемории сироятии коронавирус буд, ки ҷасорату матонат ва ҳатто ҷоннисорӣ барои наҷоти беморон, яъне ҳамватанон нишон доданд.

Қобили зикр аст, ки аксари табибон ва ҳамшираҳои шафқат дар муассисаҳои тиббии шаҳр аз паҳншавии босуръати пандемия наҳаросида, онро мисли дигар бемориҳои сироятӣ қабул карданд ва аз рӯзҳои аввал бо ҷасорат муборизаро оғоз карда дар ин роҳ муваффақ шуданд.

Боиси хушнудист, ки имрӯзҳо дастгирии соҳаи тандурустӣ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятнок ва меҳварии ҳаёти ҷомеа маҳсуб ёфта, ин аст, ки ҷиҳати рушди бонизоми соҳаи тандурустӣ мунтазам тадбирҳои судманд ва ҳамешагӣ андешида мешаванд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбариву раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати худро дар  самти рушди соҳаи тандурустӣ таҳтишиори «Солимии миллат боигарии давлат» ба роҳ монда, сол аз сол ба афзун намудани раванди маблағгузории соҳа, қабул ва мавриди амал қарор додани стратегияву барномаҳои миллӣ, беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин рушди шаклҳои нави кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда истодааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон низ баҳри рушди соҳаи тандурустӣ ва беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ аз тамоми имкониятҳо истифода намуда истодааст.

Итминон дорам, ки кормандони соҳаи тандурустӣ, пеш аз ҳама, табибону ҳамшираҳои шафқат минбаъд низ бо дасту дилу нияти пок ба халқ хизмат мекунанд ва вазифаи худро бо масъулияти баланд иҷро намуда, шарафи касби пурифтихори хеш, яъне шифобахши дарди мардумро баланд мебардоранд.

Бори дигар, фарорасии иди касбӣ – Рӯзи кормандони соҳаи тибро ба ҳамаи Шумо муборакбод гуфта, бароятон сиҳатмандии комил, рӯзгори босаодат, барори кор ва ҳамаи хушиҳои умрро таманно дорам.

Рӯзи кормандони соҳаи тиб муборак!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1128
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3252
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:18363
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:16250
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:84375
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:81973
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7972723

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?