Матни равон

Имрӯз, 17.08.2023 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр машварати августии кормандони соҳаи маорифи шаҳр баргузор гардид. Дар кори машварат Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулзода Зиёдулло, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Набизода Мадина ва инчунин муовин ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои дахлдори  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарият ва кормандони шуъбаи маориф, директорони муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ, омўзгорону мураббиён ва дигар масъулон иштирок намуданд.

Нахуст аз намоиши дастовардҳои соҳаи маорифи шаҳр дидан карда шуд.

Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори машварат  оғоз гардид. Дар машварат масъалаҳои ҳолати омодабошии муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ ба оғози соли таҳсили 2023-2024, натиҷагирӣ аз бурду бохти соҳаи маорифи шаҳр дар соли хониши 2022-2023 ва вазифаҳо барои соли хониши 2023-2024 баррасӣ гардиданд. Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода зикр намуд, ки ҳамасола қабл аз оғози соли нави хониш ҷишати натиҷагирӣ аз дастоварду муваффақиятҳо ва бурду бохти соҳаи маориф машварати августии кормандони соҳаи маориф баргузор мегардад.

Масъалаи рушди соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бо мақсади баланд бардоштани нишондиҳандаҳои соҳа иқдомҳои судманд рӯи кор омада истодааст.

Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки: “Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад.

Вобаста ба ин, бори дигар таъкид менамоям, ки бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад.

Бинобар ин, ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад.

Маҳз ба ҳамин хотир, мо дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои рушди ин соҳаи муҳимми низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ карда истодаем”.

Доир ба нишондиҳандаҳои соҳаи маорифи шаҳри Гулистон дар соли таҳсили 2022-2023 ва ҳолати омодабошӣ ба соли таҳсили 2023-2024 мудири шуъбаи маорифи шаҳр Дилрабо Каримӣ маълумот ироа намуд. Сипас, Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода аз мудири шуъбаи маориф ҷиҳати фаъолияти соҳаи маорифи шаҳр пурсиш ба амал овард.

Доир ба мавзуи “Рушди шахсияти омӯзгор” Зубайда Раҳмонова омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1, ғолиби даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” маърӯза намуд.

Ҳамчунин, доир ба пешбурди фаъолияти муассисаҳои таълимии томактабӣ Набиева Муҳаррам мудири муассисаи таълимии томактабии №5 суханронӣ намуд.

Сипас, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулзода Зиёдулло доир ба фаъолияти соҳаи маорифи шаҳр изҳори назар намуда, доир ба тақвияти фаъолияти соҳа пешниҳодҳо манзур намуд.

Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода барои фаъолияти минбаъдаи соҳа дар назди масъулин ва кормандони соҳа вазифаҳои мушаххас гузошт.

Меҳрангез Исмоилова мудири кабинети методии шуъбаи маорифи шаҳр лоиҳаи қарори машварати августиро ба самъи иштирокчиён расонид ва бо овоздиҳии якдилона қарор қабул карда шуд.

Дар вазъи тантанавӣ як қатор кормандони соҳа бо нишони сарисинагии “Аълочии маорифи Тоҷикистон”, Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, сипосномаи Раёсати маорифи вилояти Суғд, сипосномаи шуъбаи маорифи шаҳр ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:900
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1793
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:13093
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:11288
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:46628
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:43614
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8147945

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?