Матни равон

Имрӯз 21.08.2023 дар мактаби президентии шаҳри Бӯстон ҷамъбастии даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор карда шуд.

Лозим ба зикр аст, ки дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи донӣ китоб аст”, ки аз санаи 14.08.2023 то санаи 20.08.2023 дар мактаби президении шаҳри Бӯстон ҷараён гирифт довталабони шаҳри Гулистон фаъолона иштирок намуда, сазовори 1 ҷойи якум, 1 ҷойи дуюм, 2 ҷойи сеюм ва 4 ҷойи ифтихорӣ гардиданд. Аз ҷумла: Маҳваш Бойматова хонандаи синфи 6-и гимназияи №1 ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик, миёни гурӯҳи хонандагони синфҳои 5-11 сазовори мақоми аввал гардид. Дар номинатсияи мазкур миёни омӯзгорон ва намояндагони касбу кори гуногун Лоиқ Кенҷаев муовини директори МД “Маркази таҳсилоти иловагӣ”-и шаҳр сазовори мақоми 3-юм гардид. Дар номинатсияи эҷоди наср миёни гурӯҳи донишҷӯён, магистрантон ва докторантон Фаридуншоҳ Абдуллоев докторанти МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, ҳамзамон мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Гулистон сазовори ҷойи 2-юм ва дар номинатсияи зикргардида миёни гурӯҳи омӯзгорон ва намояндагони касбу кори гуногун Дилрабо Фарҳодзода омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳраки Чоруқдаррони шаҳр сазовори мақоми 3-юм гардид.

Ҳамчунин, барои иштироки фаъолона 4 нафар соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Аз ҷумла: Ҳамдамова Меҳрангез хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 аз номинатсияи адабиёти классикӣ, Имомов Имоммуҳаммад хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 аз номинатсияи адабиёти муосир, Боқиев Акмал хонандаи синфи 4-и гимназияи №1 ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз номинатсияи адабиёти ҷаҳон ва Сурайё Шарипова омӯзгори гимназияи №1 ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз номинатсияи адабиёти классикӣ соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳр ғолибони даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”-ро муборакбод гуфта, барояшон дар даври ниҳоии озмун барору комёбӣ таманно менамояд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:147
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3125
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:3272
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:26395
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:86722
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:109821
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7122617

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?