Матни равон

Имрӯз, 23.08.2023 муовини Раиси шаҳр Ғайрат Оқилзода аз муассисаҳои соҳаи маориф,  тандурустӣ ва фарҳанги ҷамоати шаҳракҳои Консой ва Чоруқдаррон  ҷиҳати омодагӣ ба соли нави хониш ва омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 дидан намуд.

Нахуст аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и шаҳраки Консой дидан карда шуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар муассисаи таълимӣ таъмири синфхонаҳо ба анҷом расида, корҳои таъимрӣ дар толори варзишӣ ва маҷлисгоҳ идома дорад. Сару либоси хонандагони муассисаҳои таълимӣ 80 дарсад омода гардидааст. Дар муассиса барои зимистонгузаронӣ ангишт, ҳезум ва сӯзишвориро ба қадри зарурӣ захира карда шудааст.

Сипас, аз муассисаи таълимии томактабии №11, бемохона, маркази саломатӣ ва клуби фарҳангии шаҳрак дидан карда шуда, аз рафти омодагӣ зимистонгузаронӣ дидан карда шуд. Дар муассисаҳои мазкур барои зимистонгузаронӣ маводҳои зарурӣ захира карда шудааст.

Ҳамчунин, дар ин рӯз аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳраки Чоруқдаррон дидан карда шуд. Иттилоъ дода шуд, ки ҳамаи синфхонаҳо аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, рангубори намои берунии бино идома дорад, ки дар рӯзҳои наздик ба охир расонида мешавад. тибқи шартнома аз тарафи ҶДММ “Маҳина” либосҳои мактабӣ барои хонандагон омода карда шуда, хонандагон бо либоси ягонаи мактабӣ таъмин гардида истодаанд. дар муассиса 50 тона ангиш ва 65 метри мукааб ҳезум барои зимистонгузаронӣ захира карда шудааст.

Сипас, аз муассисаи таълимии томактабии №5-и шаҳрак, беморхона, маркази саломатӣ ва клуби фарҳангӣ дидан карда шуд. муассисаҳои мазкур аз таъмир бароварда шуда, барои мавсисми тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 ангишт ва ҳезум захира намудаанд.

Ба масъулини ҷамоати шаҳрак таъкид карда шуд, ки ҷиҳати омодагӣ ба соли нави хониш ва зимистонгузаронӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, ҳамаҷиҳата омодагии комил бинанд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2356
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2715
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:16099
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:29874
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:45973
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:81973
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7934321

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?