01 Сентябр 2023
Субҳи имрӯз, 01.09.2023 дар Муасисаи ғайридавлатии коллеҷи тиббии шаҳр Рӯзи дониш бо шукӯҳ таҷлил карда шуд.
Чорабинии тантанавӣ ба садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.
Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, директори маркази “Тоҷикстандарт” дар вилоят Ғайбулло Муҳиддинзода номаи табрикотии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати Рӯзи дониш ба самъи иштирокдорон расонид.
Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода зимни суханронии худ донишҷӯёну устодонро бо фарорасии Рӯзи дониш муборакбод намуд.
Зикр карда шуд, ки имрӯз аз файзу баракати Истиқлол ва суботу амнияти кишвари азизамон муассисаҳои таълимӣ чун анъана дарҳои худро ба рӯи хонандагон боз намуда, онҳоро боз ба оғӯши маърифату маънавият фаро мегиранд.
Давлати соҳибистиқлоли мо дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба инкишофи илму маърифат, такомули раванди таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳи маънавиёти ҷавонон ғамхорӣ зоҳир менамояд.
Пешвои муаззами миллат миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии кишвар таъкид намуданд, ки: Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем.
Вобаста ба ин, бори дигар таъкид менамоям, ки бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад.
Бинобар ин, ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад.
Мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад.
Фаромӯш набояд кард, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад”.
Дар сиёсати давлат ва ҳукумати кишвар соҳаи маориф ҳамчун соҳаи афзалиятнок арзёбӣ гардида, баҳри баланд бардоштани маърифатнокии ҷомеа ва тадриҷан беҳтар намудани ҳифзи иҷтимоии кормандони соҳа мунтазам тадбирҳо андешида мешаванд. Пешвои муаззами миллат дар суханрониҳои худ пайваста таъкид менамоянд, ки соҳаи илму маориф дар оянда ҳамчун яке аз самтҳои калидӣ боқӣ монда, Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди он тамоми имконияти худро истифода мебарад ва маблағгузории соҳаро ҳамасола ба таври назаррас афзоиш медиҳад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои татбиқи ҳадафҳои миллӣ ва барномаҳои давлатӣ дар самти рушди бемайлони маорифи шаҳр мунтазам тадбирҳои амалӣ меандешад. Тибқи нақшаи чорабинҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар дар маркази шаҳр бунёди мактаби нав барои 400 нафар хонанда оғоз гардидааст.
Итминони комил дорам, ки донишҷӯёну устодон бо дарки ҳисси баланди масъулият, дар ҷодаи таълиму тарбия бо истифода аз шароиту имкониятҳои мавҷуда ба дастовардҳои нав ба нав муваффақ мешаванд.
Сипас, донишҷӯёну устодон суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғараро ба таври мустақим тамошо намуданд.