08 Сентябр 2023
7 сентябри соли 2023 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба дидорбинии собиқадорони меҳнат, ки дар шаҳри Гулистон истиқомат мекунанд, рафт.
Раиси вилоят дар суҳбат бо собиқадорони меҳнат Санавбар Нуруллоева ва Рухсатой Ӯрунова фарорасии Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро табрик гуфта, ба собиқадорон рӯзгори обод ва тансиҳатӣ орзу намуд.
Тазаккур дода шуд, ки таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо амалӣ гардидани барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ раванди ислоҳот ва рушди бонизоми иқтисоди миллӣ бомаром идома ёфта, тадбирҳои андешидаи Ҳукумат ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум имрўз натиҷаҳои назаррас ба бор овардаанд. Дар пешрафти соҳаҳо саҳми собиқадорони меҳнат низ назаррас буда, хизматҳои фарзандони бонангу номус ҳамеша аз ҷониби давлат қадршиносӣ шудааст.
Собиқадорони меҳнат бо ёдоварӣ аз солҳои фаъолияти хеш ва муқоисаи он ба шароити имрӯза изҳор доштанд, ки вазъи кунунии зиндагии мардум нисбат ба солҳои пешин бамаротиб беҳтар гардидааст, ки натиҷаи меҳнатҳои шабонарӯзии Пешвои миллат аст.