09 Сентябр 2023
Санаи 08.09.2023 тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба муносибати таҷлили 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбозои қисми ҳарбии 07746-и маркази таълимии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аёдат карда шуданд.
Нахуст Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода зимни суханронӣ афсарону сарбозонро бо фарораси ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар табрику таҳният намуд. Зикр карда шуд, ки Ватани маҳбуби мо – Тоҷикистони соҳибистиқлол 32 сол инҷониб, ба ҳайси узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ арзи ҳастӣ дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки: “Таҷлили санаи ба истиқлолият расидани Тоҷикистон барои мо як ҷашни ҳамасолаи муқаррарӣ ё варақгардонии оддии тақвим нест, балки рӯзи шукронаи мо аз тақдир ва бори дигар пеши назар овардани бурду бохтҳои гузашта, таҳлилу қиёси ҳаёти имрӯза ва тарҳрезӣ намудани дурнамои рӯзгори ояндаамон мебошад”.
Дар воқеъ Истиқлол ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем.
Муҳимтарин дастоварди мо дар ин давра таъмини сулҳу субот, аз хатари нобудӣ наҷот додани давлатдории миллӣ аз парокандагӣ раҳо бахшидани миллат ва ҳамчурин таъсиси Артиши миллӣ мебошад.
Сипас, сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилояти Суғд Ҳакимзода Ҳаким Карим паёми табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии кишвар манзур сарбозон намуд.
Сипас, Раиси шаҳр аз вазъи будубоши хизмати сарбозон ва омодагиҳои қисми ҳарбӣ ҷиҳати зимистонгузаронӣ дидан намуд.
Санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр бо сурудҳои дилниши табъи сарбозонро болида гардониданд.
Ҳамчунин, дар ин рӯз барои сарбозон дастархони идона ороста шуд.