Матни равон

(Ба ифтихори 60-солагии таъсисёбии шаҳри Гулистон)

4-уми январи соли 1963, яъне 60 сол муқаддам дар харитаи Тоҷикистони шимолӣ боз як шаҳри навбунёд - шаҳри Қайроққум таъсис дода шуд. Минбаъд ин шаҳр дар ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии кишвар саҳми боризи худро гузоштааст.

3 марти соли 2016 бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти №244 номи шаҳри Қайроққум ба шаҳри Гулистон тағйир дода шуд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар аввали солҳои Истиқлолият давлати тоҷикон дар ҳинни фаношавӣ қарор дошта, бо матонат ва ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати мо умри дубораи хешро пайдо намуд. Тадриҷан буҳрони сиёсӣ, даргириву баҳсҳо ба анҷом расида, кишвари мо ба роҳи сулҳу осоиштигӣ ва пешрафту инкишоф қадам ниҳод. Тибқи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Аз ин лиҳоз, дар замони Истиқлолият тамоми ҷидду ҷаҳд ва кӯшиши Ҳукумати кишварамон барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум равона карда шудааст.

Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон шумораи корхонаҳои саноативу истеҳсолӣ афзун гардида, ҳамасола ҳазорон ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешаванд. Дар ин муддат шаҳри саноатии Гулистон низ аз ин файз баҳравар гардид.

Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ дар марзи шаҳри Гулистон корхонаҳои азими саноати кӯҳӣ, аз қабили ҶМКМДММ “Апрелевка”, ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” арзи вуҷуд намудаанд. НБО-и «Дӯстии халқҳо» ҳамчун асосгузори бунёди шаҳри соҳили “Баҳри тоҷик” аз соли 1957 инҷониб барои хоҷагии халқ неруи барқ истеҳсол менамояд. Дар маркази шаҳр инчунин корхонаи калони ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» фаъолият дорад. КВ “Экспедитсияи комплекси геологии Қайроққум” аз солҳои 50-уми қарни гузашта ба корҳои ҷустуҷӯи конҳои нав, ташхис ва таҳқиқи захираҳои обу авзои гидрогеологии Тоҷикистони шимолӣ ва дигар минтақаҳо машғул аст.

Вусъат ёфтани фаъолияти корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистонро метавон бо он нишондод қайд намуд, ки ин корхонаҳо бо беш аз 21 кишварҳои ҷаҳон ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондаанд.

Дар ин давра шумораи корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон аз 13 корхона ба 43 адад расида, номгӯи маҳсулоти истеҳсолӣ низ аз 13 номгӯй ба 89 номгӯй баробар шудааст.

Дар соҳаи маорифи шаҳр дар даврони Истиқлолияти давлатӣ се бинои муассисаҳои таълимии нав дар деҳаҳои Зарчашма ва Гулдараи ҷамоати шаҳраки Адрасмон сохта ба истифода дода шуданд. Инчунин дар шаҳр гимназияи №1 ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва муассисаи таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон» ба фаъолият шурӯъ намудааст. Ҳамчунин дар доираи таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр муассисаҳои таълимии томактабии “Бобуна” ва “Баҳор” таъмиру азнавсозӣ гардида, Муассисаи давлатии “Маркази таҳсилоти иловагӣ”-и шаҳр бунёд гардида, бо иштироки бевоситаи Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Илова бар ин дар Беморхонаи касалиҳои сирояткунанда дар маркази шаҳр, бунгоҳҳои тиббӣ дар деҳаҳои Зарчашма ва Гулдараи шаҳраки Адрасмон кушода шуданд.

Комплекси варзишӣ-солимгардонӣ, майдонҳои варзишӣ дар маркази шаҳр ва минтақаи фароғатӣ сохта ба истифода дода шуданд.

Осорхонаи шаҳр дар бинои шуъбаи фарҳанг ташкил ёфта, дар он экспонатҳои мухталифи марбут ба таърихи шаҳру шаҳракҳо, корхонаву муассисаҳо ва ташкилотҳои гирд оварда шудаанд.

Барои инъикос намудани падидаҳои ҳаёти ҷомеа, васеъ гардонидани иттилоотнокӣ ва дастрасии мардум ба иттилоот ҳафтаномаи «Соҳил» таъсис дода шудааст.

Вобаста ба соҳаи туризм ва ҳифзи тандурустӣ осоишгоҳу меҳмонхонаҳои замонавӣ бо номи “Баҳористон”, “Соҳил”, “Наврӯз-2000”, “Далер-777”, Маркази таълимии “Бонки миллии Тоҷикистон”, “Фирӯз – плаза”, маркази солимгардонии “Усмонҷон” ва осоишгоҳи “Абдуқодир Ҷабборзода” сохта мавриди истифодабарӣ қарор дода шудаанд. Имрӯз осоишгоҳҳову меҳмонхонаҳои шаҳр дар як вақт имкони қабули 2284 нафар истироҳаткунандагонро доро мебошанд.

Дар давоми солҳои 2018-2021 бо мақсади ба таври арзанда истиқбол намудани ҷашни ҳумоюни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон 221 иншооти ҷашнӣ  сохта ба истифода дода шуданд.

Боиси ифтихор аст, ки бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ҳудуди шаҳри Гулистон дар ин давра  14 иншооти ҷашнӣ мавриди истифодабарӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, Майдонҳои Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гулгашт, кӯдакистони «Парасту», бинои истироҳатӣ дар осоишгоҳи ҶДММ“Баҳористон”, сехи истеҳсолӣ ришта дар ҶСК “Қолинҳои Қайроққум”, ҶДММ “Мурғи аълосифат”, коргоҳи коркарди қоғаз дар заминаи корхонаи ҶДММ “Сахо ва К”, истироҳатгоҳи панҷошёнаи “Суғдиён”, Маҷмааи “Тоҷикистон ба пеш!!!”, МД Боғи фарҳангии ба номи “Темурмалик”, кӯдакистони “Бобуна”, бинои КИ ҲХДТ дар шаҳр, бинои МД “Маркази таҳсилоти иловагӣ”-и шаҳр ба истифода дода шуданд.

Ҳамчуни, ҷиҳати дар сатҳи баланд ба таҷлил намудани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр таъмир, бунёд ва азнавсозии 117 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 70 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Шоистаи зикр аст, ки дар ин давра бо иштироки бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Аз ҷумла: “Маркази адлия”, бинои иловагии Маркази солимгардонии “Соҳил”, Коргоҳи дӯзандагии “Маҳина, коргоҳи пойафзолбарории “Маҳина”,  ҶДММ “Ганҷи Сомон”, ҶДММ “Мурғи бебаҳо”, сехи иловагии истеҳсолӣ дар ҶСК “Қолинҳои Қайроққум”,  МДТТ “Баҳор” ва бинои “Нозироти андоз” дар шаҳр.

Имрӯзҳо аз файзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Гулистон дар ҳақиқат гулистонеро мемонад, ки бо гулҳои рангоранг бо ҳазорон тобишу ҷилои нотакрору мафтункунанда тамоми сокинони кишварро хушнуд мегардонад.

Хушбахтона, мо самараи Истиқлолияти давлатиро, яъне сулҳу ваҳдати халқамонро дар ҳама ҷода мушоҳида менамоем. Мо дар пешрафту инкишофи кишварамон якдилу якмаром, сарҷамъ ва муттаҳид ҳастем. Умед аст, ки ин дӯстиву рафоқат моро сӯи ояндаи нек, сӯи бунёди давлати мутамаддину замонавӣ ва соҳибистиқлолу демократӣ пешбарӣ хоҳад кард. Бо итминон гуфта метавонем, ки шаҳри соҳили “Баҳри тоҷик” дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ГУЛИСТОН-и ҳақиқӣ мубаддал ёфтааст.

Гулафшон бош, шаҳри азизи мо - ГУЛИСТОН!

Хадамоти матбуоти
Раиси шаҳри Гулистон

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3987
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3252
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:21222
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:16250
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:87234
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:81973
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7975582

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?