Матни равон

Санаи 18.09.2023 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр вохӯрӣ доир ба риояи Кодекси одоби хизмати давлатӣ, пешгирии экстремизм ва терроризм ва падидаҳои номатлуб дар ҷомеа бо иштироки мудирони шуъбаву бахшҳо ва фаъолон баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ муовини якуми Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода ва сардории шуъбаи дар шаҳри Гулистон будаи РКДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Қаҳҳоров Комрон иштирок ва суханронӣ  намуданд.

Зикр гардид, ки дар таҳаввулоти ҷаҳони имрӯза, ки ҳамагон аз он огоҳем мубориза бо экстремизму терроризм хусусияти аввалиндараҷа барои ҳар як давлати соҳибистиқлол касб намудааст.

Миллатҳо ва халқҳои зиёде ҳастанд, ки дар гузаштаи на он қадар дур барои дастёбӣ ба истиқлолият даҳсолаҳо талош карда, дар ин роҳ ҳазорон фарзандони огоҳ ва азизи худро аз даст додаанд, вале муваффақ нашудаанд. Имрӯз низ шоҳиди талоши пайгирона ва озодихоҳонаи халқҳое ҳастем, ки даҳҳо миллион аҳолӣ доранд, аммо аз ҳуқуқҳои оддитарини миллӣ ва миливу фарҳангӣ маҳруманд. Аз ин рӯ, онҳо истиқлолиятро чун василаи ягонаи ҳифзи асолату ҳувият ва бақои таърихии худ медонанд.

Масъалаи муҳимтарин, ки имрӯз назди ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ин аст, ки ҳар як шаҳрванди худогоҳи кишвар бояд то чӣ андоза муҳим будани истиқлолу озодӣ, давлати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро амиқан дарк намояд ва барои таҳкиму тақвият бахшидани низоми давлатдории демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ, ки бо майлу иродаи халқи Тоҷикистон интихоб шудааст, саҳми ватандӯстонаи хешро гузорад.

Лозим ба таъкид аст, ки дар вазъи пурпечутоби ҷаҳони имрӯз ҳамаи давлатҳо дар пайи ҳифзу нигаҳдошти амнияту истиқлоли давлатии худ ҳастанд. Ҳар кишваре, ки мардуми он дар ин роҳ бетарафӣ ва беаҳамиятӣ зоҳир мекунад, ҷойи тардид нест,ки соҳибистиқлолии худро аз даст хоҳанд дод. Имрӯзҳо хоинони миллати тоҷик, ки чашми бино ба сӯйи дастовардҳои кишвар надоранд, вале ба камбудиҳои ҷузъӣ ба масали “аз пашша фил сохтан” одат кардаанд бо ҳар роҳу восита мехоҳанд ба тинҷиву амонии кишвари мо латма  зананд. Вале мо набояд фаромӯш созем, ки ҳарчанд, ки истиқлоли кишвари мо ҷавон аст, вале решаҳои он ба умқи таърихи пурифтихори халқамон мерасад ва аз муборизаҳои фидокоронаи ҳазорон нафар фарзандони далеру қаҳрамони миллатамон, ки дар роҳи озодиву истиқлоли сарзамини аҷдодиямон ҷон фидо кардаанд, шодоб мегарданд. Ин ба он далолат мекунад, ки дар натиҷаи ҳамдиливу ҳамдигарфаҳмӣ, кӯшишу меҳнати дастҷамъонаи садоқатмандона ба Ватан мо метавонем соҳибистиқлолӣ ва якпорчагии кишварро ҳифз намуда онро боз ҳам ободтар созем.

Бинобар ин, мо хизматчиёни давлатӣ бояд дар сафи пеши мубориза бо экстремизму терроризм ва маводҳои иғвоангезонаи хоинони миллат бошем.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:752
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1650
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:3890
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:18117
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:55542
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:43614
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8156859

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?