24 Сентябр 2023
Санаи 22.09.2023 дар Ҷамоати шаҳраки Консойи шаҳри Гулистон таъмири роҳ аз дохили шаҳраки Консой то шоҳроҳи Бӯстон - Чаноқ оғоз гардид. Корҳои таъмири роҳ бо дастгирии ҶМТКММ "Апрелевка" роҳандозӣ гардида истодааст. Ҳамчунин, дар дохили шаҳрак ҳамаи аломатҳои роҳ иваз карда шуда, аломатҳо дар ҷойҳои зарурӣ насб карда шуд.
Сокинон, дастаҷамъӣ дар таъмири роҳ ва насби аломатҳои роҳ саҳмгузорӣ намуда истодаанд.