Матни равон

Имрӯз, 6 октябри соли 2023, дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маҷлиси фаъолони шаҳр доир гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми нуҳ моҳи соли 2023 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Дар маҷлиси фаъолон муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳо ва роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, расиони ҷамоати шаҳракҳо, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзаалӣ Назирзода ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, раиси федератсияи иттифоқи касабаи вилоят Шарифулло Абдуллозода иштирок намуданд.

Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода кори маҷлисро оғоз намуд. Муовини якуми Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода доир ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳри Гулистон дар нуҳ моҳи соли 2023 маърӯза намуд.

Зикр гардид, ки дар моҳҳои январ – сентябри соли 2023 ба қисми даромади буҷети давлатӣ 214,7 миллион сомонӣ маблағҳои андозу пардохтҳо ворид гашт, ки он баробар ба 102,2 фоизи нақшаи пешбинишуда буда, ба буҷет 4,7 миллион сомонӣ аз нақша зиёд маблағ ворид гардид.  Нақшаи даромади буҷети шаҳрӣ 54,0 миллион сомонӣ буда, 58,6 миллион сомонӣ ё 108,5 фоиз ба иҷро расонида шуд, ки аз нақшаи пешбинишуда 4,5 миллион сомонӣ  зиёд  маблағ ворид гардид.

Дар ин давра иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ бо дарназардошти  хароҷот 45,2 миллион сомонӣ  (нақша – 42,6 миллион сомонӣ) ба  иҷро расид, ки баробар ба 106,1 фоиз ё ба маблағи 2,6 миллион  сомонӣ зиёд мебошад.

Корхонаҳои саноатии шаҳр дар давоми нуҳ моҳ ба маблағи 3 миллиарду 339,5 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 111,6 фоизро ташкил дода, ин нишондиҳанда ба маблағи 345,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Тибқи маълумотҳо ба ҳолати 30-юми сентябри соли 2023 ба иқтисодиёти шаҳри Гулистон 263,6 миллион сомонӣ сармоягузорӣ татбиқ шуда истодааст, ки аз он 91,2 миллион сомонӣ сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ва 172,4 миллион сомонӣ сармоягузории дохилиро ташкил медиҳад. Аз сармоягузории дохилии татбиқшудаистода 102,4 миллион  сомонии он дар давраи ҳисоботӣ ҷалб гардидааст.

Дар давоми ҳашт моҳи соли равон муштариёни шаҳри Гулистон ба маблағи 89,8 миллион сомонӣ қувваи барқ истифода намуда,   дар ин давра 95,4 миллион сомонӣ пардохт намудаанд, ки ин нишондиҳанда 106,2%-ро ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ 108,2 километри роҳҳо таъмиру тармим гардиданд, ки 212,1 фоизи иҷрои нақша мебошад.    Аз ҷумла: 28,5 километр таъмири асосӣ, 34,7 километр таъмири ҷорӣ ва 45,0 километр  шағалпўш карда шуд. Маблағи сарфшуда 36,2 млн сомониро ташкил медиҳад.

Дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ 2593 меҳмонони хориҷӣ ва 24524 истироҳаткунандагони дохилӣ ба осоишгоҳу меҳмонхонаҳои шаҳр ташриф оварданд, ки дар маҷмуъ 27117 нафар истироҳат намуданд.

Ҳаҷми маблағи воридшуда дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби хизматрасониҳои сайёҳӣ ва табобатӣ 32,7  миллион сомониро ташкил медиҳад.

Ҳамчун, доир ба фаъолияти соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, сиёсати давлатии ҷавонон, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр маълумот дода шуд.

Сипас, Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода аз масъулини соҳаҳо доир ба натиҷаҳои меҳнатӣ, сабаби иҷро нагардидани баъзе уҳдадориҳо пурсиш ба амал овард.

Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзаалӣ Назирзода ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, раиси федератсияи иттифоқи касабаи вилоят доир ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ибрози назар намуда, ҷиҳати рушди соҳаҳо таклифу пешниҳодҳо намуданд.

Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода ба масъулини соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ҷиҳати пешбурди фаъолияти корӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, иҷрои нақшаи даъвати ҳарбӣ, тақвият бахшидани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, ноил гардидани хонандагон ба дастовардҳои назаррас ва рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр супоришҳои мушаххас дод.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:303
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2325
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:9395
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17416
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:18311
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7750701

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?