Матни равон

Санаи 05.10.2023 бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи иди касбии омӯзгорон дар Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и шаҳри Гулистон ҷамъомади ботантана бо иштироки омӯзгорон, намояндагони ҷамоати шаҳракҳо, корхонаву муассиса ва ташкилотҳо баргузор гардид.

Бо садо додани Суруди миллӣ чорабинии ботантана оғоз гардид.

Муовини Раиси шаҳри Гулистон Шарифҷони Саидраҳмон табрикоти раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода  ба муносибати таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгорон ба самъи иштирокчиён расонид.

Зикр гардид, ки масъалаи густариши забон ҳамчун яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва муқаддасот ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи давлати мо қарор дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони миллӣ ва ташаккули пайвастаи онро дар мақоми давлатӣ муҳимтарин рамз ва рукни истиқлолияти давлатӣ ва сиёсии мо арзёбӣ намудаанд.

Ба истиқболи 25-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расидани асари пурарзиши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллат-ҳастии миллат” дар соли 2016, ки дар оғози он қайд намудаанд, ки: “Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад”.

Ҳамчунин, соли 2020 ҷилди дуюми китоби “Забони миллат-ҳастии миллат” ба нашр расид, ки дар муқаддимаи он Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: “Барои ман забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтугӯю муошират ба шумор меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, рӯҳу поки гузаштагонам ва оинаи осори ниёконам мебошад. Аз ин рӯ, ман ба ин забони шевои шоирона сидқан арҷ мегузорам, бо ҳиси баланди ватандӯстӣ аз минбарҳои баланд бо ин забон сухан мегӯям, аз лаҳни шакарину дилнишинаш лаззати маънавӣ мебарам ва ҳастиамро бо ҳастии забон пайванд медонам”.

Ҳамчунин,  таъкид гардид, ки касби омўзгорӣ, фаъолияти ҳамарўзаи муаллими ҳақиқӣ ва заҳматҳои пайвастааш дар роҳи таълиму тарбияи насли наврас, тайёр кардани мутахассисон ва маърифатноксозии мардум сазовори иззату эҳтиром мебошад. Омўзгор машъали  фурўзон аст, ки тинати мардумро нур мебахшад.

Нақши омўзгор, махсусан дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон  ба маротиб афзуд.

Дар замони Истиқлолият дар соҳаи маориф ҷиҳати бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва таҷдиду барқароркунии муассисаҳои таълимӣ дигаргуниҳои зиёде ба амал омад.

Сипас, дар вазъи тантанавӣ ба як қатор омӯзгорони пешқадам нишони сарисинагии Аълочии маорифи Тоҷикистон ва сипоснома ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр супорида шуд.

Дар охир барномаи марғуби консертии санъаткорон манзури иштирокчиён гардид.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1335
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2819
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:6213
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17490
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:17018
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7749408

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?