Матни равон

Санаи 04.10.2023 дар толори КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Мавқеи забони давлатӣ дар ташаккули ғояи миллӣ” бо иштироки вакилон, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, роҳбарони корхонаҳо, фаъолони ҳизб, собиқадорон, аъзои ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан», донишҷӯёни коллеҷи тиббии шаҳр ва хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр баргузор карда шуд.

Конференсияи илмӣ-назариявӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.

Дар кори конференсия Шарифҷони Саидраҳмон муовини Раиси шаҳри Гулистон, Мухтор Толибзода мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Муслимахон Ҷамолиён раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон, Исмоил Саидов омӯзгори МТМУ №14-и маркази шаҳр ва Дилрабо Сатторова омӯзгори коллеҷи тиббии шаҳр иштирок ва суханронӣ намуданд.

Забон ҳамсафари доимии ҷамъияти инсонҷ мебошад. Масъалаи густариши забон ҳамчун яке аз рукнҳои асосии давлатдорҷ ва муқаддасот ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи давлати мо қарор дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллҷ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалҷ Раҳмон забони миллҷ ва ташаккули пайвастаи онро дар мақоми давлатҷ муҳимтарин рамз ва рукни истиқлолияти давлатҷ ва сиёсии мо арзёбҷ намудаанд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, ки «Ҳамаи мо бояд дар хотир дошта бошем, ки забони тоҷикҷ дар ҳама даврони таърихи тӯлонии халқамон нишонаи гӯёи ҳастии мо ва омили муҳимтарини ҳифзи мероси камназиру гаронмояи аҷдоди некному хирадмандамон будааст. Ин забон забони сулҳу дӯстҷ, меҳру муҳаббат ва садоқату бародарист. Гузаштагони мо низ забони хешро маҳз бо ҳамин сифатҳои олии он ситоиш кардаанд».

Ҳанӯз, 22 июли соли 1989 дар ҷаласаи Шӯрои Олҷ забони тоҷикҷ мақоми давлатҷ гирифта буд. Ин иқдом пеш аз ҳама ба таҳкими давлатдорҷ ва посдории эҳтироми гузаштагони фарҳангшиноси мо равона гашта,  аз ҷониби кулли мардуми кишвар бо мамнуният пазируфта шуд. Соли 2008 бо ташаббуси хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли бузургдошти забони тоҷикҷ эълон гардид, ки ин иқдом нишонаи ғамхории беназир буда, боз як далели арҷгузории фарҳанги миллҷ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурҷ маҳсуб меёбад.

Бо мурури замон, бо дарназардошти тақозои замон зарурияти дохил намудани тағйиру иловаҳо ба он ба миён омаданд, Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 5-уми октябри соли 2009  қабул гардид.  Ва инак, ҳар сол ҳамин рӯз ҳамчун Рӯзи забони давлатҷ ҷашн гирифта мешавад.

Забони тоҷикҷ хеле қадим ва аҳамияти оламшумул дорад. Тавассути ин забон чҷ дар гузашта ва чҷ дар рӯзҳои мо ҳазорон олимону адибони бузург асарҳои ҷовидонии худро эҷод карда, дар саҳифаҳои таърихи фарҳанги ҷаҳонҷ нақши худро гузоштаанд. Хусусан, дар замони давлати бузурги тоҷикон - давлати Сомониён забони тоҷикҷ мақоми хоса дошт. Мавриди зикр аст, ки баъд аз барҳам хӯрдани давлати Сомониён дар тӯли чандин аср сарфи назар аз он ки халқи тоҷик тобеи шоҳону хонҳо, амирони ғайритоҷик буд, забони тоҷикҷ мавқеи давлатии худро нигоҳ дошт. Яъне, дар замони ҳукмронии сулолаҳои гуногуни давлатдорон, аз қабили Ғазнавиён, Сулҷуқиён, Чингизиён, Темуриён, Аштархониён, Манғитиён тамоми муомилаву муносибати дохиливу хориҷии давлат, дипломатия, ҳуҷҷатнигоҳдорҷ тавассути забони тоҷикҷ сурат мегирифт. Воситаи асосии муносибати байниҳамдигарии мардуми Осиёи Миёна дар тӯли асрҳо низ бо забони тоҷикҷ буд.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки маҳз забон омили ташаккулдиҳандаи идеяи миллӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз ба воситаи забон ҳисси худшиносии мардум, ҳувияти миллӣ ташаккул меёбад. Яъне, арҷ гузоштан ва ҳифз намудани ин мероси фарҳангӣ ин худ як навъ худшиносии миллӣ мебошад. Забони тоҷикӣ ганҷинаи бебаҳои мардуми тоҷик ба шумор рафта, ҳифз ва рушди он вазифаи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад. Зеро маҳз забон пайвандгари наслҳои имрӯзу гузашта ва ташаккулдиҳандаи афкори миллӣ мебошад. Миллате, ки дар атрофи идеяи ягонаи миллӣ муттаҳид гашта, баҳри расидан ба мақсадҳои ягона талош менамояд, ҳеҷ як омили беруна наметавонад ба он таъсир расонад ва ё онро пароканда намояд. Нақши забони тоҷикӣ дар ташаккули идеологияи миллӣ ниҳоят бузург аст. Маҳз ба воситаи забон халқи тоҷик метавонад арзишҳои фарҳангии худро ҳифз намояд, баҳри рушди худшиносии миллӣ, ташаккули идеяи миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ талош намоянд.

Дар фарҷоми коференсия ба аъзои тозаинтихоби ҳизб шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1535
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2819
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:6413
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17490
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:17218
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7749608

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?