16 Октябр 2023
Дар мулоқот роҳбарони ҳайатҳо аз ҷараёни иҷрои тавофуқҳои ду ҷониб оид ба аломатгузории гузариши хати лоиҳавии сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар қитъаҳои боқимонда изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Ба гурӯҳи кории топографӣ ва гурӯҳи кории масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ ҷиҳати ҷоннок намудани кор ва ҳалли тамоми масъалаҳои мавҷудаи наздисарҳадӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.
Роҳбарони ҳайатҳо бо натиҷагирӣ аз фаъолияти гурӯҳҳои корӣ бори дигар муҳиммияти имзои Протоколи №44 аз 2 октябри соли 2023-ро вобаста ба амалӣ намудани масъалаҳои ҷорӣ ва суръат бахшидани раванди делимитатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон таъкид намуда, барои татбиқи таъхирнопазири бандҳои он изҳори омодагӣ намуданд.
Ҷаласа дар фазои дӯстона ва ҳусни ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.