19 Октябр 2023
Санаи 18.10.2023 тибқи нақшаи кории бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон" ва пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ бо ҷавонони 16-17 сола ва волидайни муассисаи таълимии №10-и Ҷамоати шаҳраки Зарнисор вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Дар вохӯрии мазкур муовини Раиси шаҳри Гулситон Шарифҷони Саидраҳмон, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов, мутахассиси татбиқи забон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Фаридуншоҳ Абдуллоев иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр карда шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон" 24.12.2022, №1920 қабул гардида, аз 5 боб ва 21 модда иборат мебошад.
Қонуни мазкур ҳадаф, принсипҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии онро муқаррар карда, муносибатҳои вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, таъмин ва танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муайян менамояд.
Мафҳумҳои асосии Қонуни мазкурро мафҳумҳои Ватан, ватандӯстӣ, дастгирии давлатии субъектҳои тарбияи ватандӯстӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, низоми тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, тарбия, тарбияи ватандӯстӣ, тарбияи маънавӣ-ахлоқӣ, тарбияи шаҳрвандӣ-ватандӯстӣ, тарбияи ҳарбию ватандӯстӣ ва ҳисси шаҳрвандӣ ташкил медиҳанд.
Мақсади тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, ташаккул додани айнияти шаҳрвандӣ, сифатҳои баланди ахлоқӣ, ҳувияти миллӣ, тафаккур ва ҳисси ватандӯстӣ дар ниҳоди шаҳрвандон, тарбия намудани шаҳрвандон дар руҳияи муносибати ватандӯстона ба ҷомеа ва давлат дар заминаи фаъолияти баланди ҷамъиятӣ, масъулияти шаҳрвандӣ, омодагӣ ва қобилияти хизмат ба Ватан, таҳкиму таъмини манфиатҳои ҳаётан муҳим ва рушди устувори давлат, ҳамчун арзишҳои муҳими иҷтимоӣ ва маънавию ахлоқӣ тақвият додани заминаҳои ҳисси шаҳрвандӣ ва ватандӯстӣ дар ҷомеа, ташаккул ва рушди сифатҳои неки шаҳрвандӣ-иҷтимоии насли наврас ва қобилияти аз ҷониби онҳо зоҳир намудани ин сифатҳо дар раванди бунёдкориҳо ба нафъи ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар намудҳои фаъолияте, ки ба таъмини амнияти онҳо алоқаманданд мебошад.
Вазифаҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ин ташаккули худшиносии миллӣ, муносибати арзанда ба шахсият, ҷомеа, давлат, ғояву арзишҳо, инчунин эҳё ва рушди онҳо. ҷалби насли наврас ба низоми арзишҳои иҷтимоию маданӣ, ки таъриху фарҳанги ғанӣ ва ба худ хоси Ватану миллатро инъикос менамояд, дар тафаккури онҳо ташаккул додани арзишҳои олии маънавию ахлоқӣ, маданӣ ва худогоҳӣ, талабот ба рушди минбаъдаи онҳо. Фароҳам овардани шароити мусоид барои аз ҷониби шаҳрвандон зоҳир намудани ҳисси ватандӯстӣ, адои шоистаи қарзи ҷамъиятию давлатӣ ва ҳарбӣ дар самтҳои гуногуни фаъолият ва муносибат бо назардошти манфиат ва талаботи онҳо. Тарбияи эҳтиром ба қонун, меъёрҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, ҳисси масъулияти иҷтимоӣ ҳамчун сифатҳои муҳими шахс, ки дар ғамхорӣ ба некуаҳволии кишвари худ, таҳким ва ҳифзи он зоҳир мегарданд. Тарбияи меҳнатдӯстӣ ҳамчун арзиши муҳими зиндагӣ, майли ба манфиати ҷомеа ва давлат меҳнат кардан. Ташаккули талабот ба рушди маънавию ахлоқӣ, пешбурди тарзи ҳаёти солим, ғамхорӣ ба пиронсолону наздикон, дастгирии муҳити созгор дар коллективи меҳнатӣ мебошад.
Ҳамчунин, доир ба пешгирии падидаҳои номатлуб, пешгирии экстремизм ва терроризм, пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ ва ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ суханронӣ карда шуд.