Матни равон

21 октябри соли 2023 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маросими қадршиносии ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм –фурўғи маърифат” ва​ ​ “Тоҷикон”- оинаи таърихи миллат”​ баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ ғолибони озмунҳоро табрик гуфта, қайд намуд, ки​ озмунҳо таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардида, дар баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати аҳли ҷомеа нақши шоиста мегузоранд.

Тазаккур дода шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани барномаву ҳадафҳои бузурги давлату Ҳукумат дар самти рушди илм ва ҷалби бештари ҷавонону донишҷўён ба илмомузӣ тамоми тадбирҳои заруриро меандешад.

 

Чуноне таъкид гардид, даври​ аввали озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» бо иштироки ​ 42 ҳазору 718 нафар ​ довталаб дар муассисаҳои таълимӣ ва шаҳраку деҳоти вилоят дар сатҳи баланд гузаронда шуд.

Дар даври дуюми озмуни мазкур бошад, 8 ҳазору 729 нафар иштирок намуда, ба даври вилоятӣ 1 ҳазору 222 нафар роҳхат гирифтанд, ки аз онҳо 955 нафар хонандаи муассисаҳои таълимӣ, 186 нафар донишҷўи муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторанти муассисаҳои ​ таҳсилоти олӣ ва илмӣ, 30 нафар омўзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабӣ ва намояндагони касбу кори гуногун мебошанд.​

Аз рўи натиҷаи комиссияи озмун 120 нафар ғолиби даври вилоятӣ дониста шуда, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

Дар озмуни “Тоҷикон”- оинаи таърихи миллат” 35158 нафар, аз ҷумла 28512 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 681 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, 2647 нафар донишҷўён, 120 нафар магистрҳо, 2983 нафар омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 нафар ходимони илмию адабӣ, 151 нафар аспирантон, унвонҷўён, номзадони илм, 13 нафар докторантон, 320 нафар калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуда, ба даври дуюми озмун 5507 нафар роҳхат гирифтанд.​

Дар даври дуюми озмун, ки давоми моҳи июн гузаронида шуд, 3923 нафар, аз ҷумла 3211 хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 76 хонандаи муассисаҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, 109 нафар донишҷў, 1 магистр, 395 омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 ходими илмию адабӣ, 1 докторант ва 121 нафар калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуда, ба даври сеюми озмун 290 нафар роҳхат гирифтанд.

Комиссияи даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат» ​ дар вилоят 24 нафар ғолиби озмунро миёни иштирокчиён муайян намуд ва боиси ифтихор аст, ки дар озмун на танҳо насли калонсол, балки нафақахўрон низ ширкат намуда, соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд.

Сипас, Раиси вилоят ба​ ғолибони даври вилоятии озмунҳо диплому мукофотҳои пулиро супорида, ба онҳо барои иштирок дар даври ҷумҳуриявии озмун барору комёбиҳо орзу намуд.

Лозим ба зикр аст, ки дар даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм –фурўғи маърифат” ва​ ​ “Тоҷикон”- оинаи таърихи миллат”​ довталабони гулистонӣ фаъолияти арзанда нишон дода дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм –фурўғи маърифат” соҳиби як ҷойи сеюм ва дар озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон”- оинаи таърихи миллат”​ Гулваши Иброҳим сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр соҳиби ҷойи дуюм гардида, ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2342
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3446
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:19401
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17903
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:52704
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:99080
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8561138

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?