12 Декабр 2023
Дар шаҳри Гулистон оид ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба омавигардонии варзиш ва тарзи ҳаёти солим тадбирҳои муассир андешида шудаистодааст.
Дар ҳамин замина нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, бо тасдиқи Раиси шаҳр ба тавсиб расидааст.
Лозим ба ёдоварист, ки масъулини бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимӣ ва дигар корхонаву ташкилотҳои ҳудудӣ шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳои тобеияти шаҳр, ҳамарӯза мусобиқаҳои варзиширо, дар сатҳи хуб роҳандозӣ намуда, баргузор намудаистодаанд.
Бо ҳамин мақсад имрӯз, 10.12.2023, дар майдони варзишии Ҷамоати шаҳраки Адрасмон мусобиқаи мазкур ҷамъбаст карда шуда, ғолибон бо ҷом, медал, диплом ва туҳфаҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон қадрдонӣ гардиданд.
Масъулинӣ бахши кор бо ҷавонон ва варзиш шаҳр азм доранд, ки дар давоми соли равон, дар байни ҷавонону наврасон ва сокинони шаҳр мусобиқаҳои гуногунмазмунро ба роҳ монда, тарзи ҳаёти солим ва рӯҳияи солимро дар байни сокинони касбу кори гуногун таъмин намоянд.