Матни равон

Имрўз, 20.12.2023 дар асоси  нақша чорабиниҳои   бахши кор бо ҷавон ва варзиши шаҳри Гулистон доир ба 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони “Нақши академик Бобоҷон Ғафуров дар таҳқиқи таърихи миллат ва саҳми ӯ дар ташаккули Ҷумҳурии Тоҷикистон” конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Дар кори конференсия муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов, директори МДТИ шаҳр Бобоев Эмомалӣ, котиби масъули рӯзномаи шаҳрии “Соҳил” Фаридуншоҳ Абдуллоев ва омӯзгори МТМУ №14 Исмоил Саидов иштирок ва суханрони намуданд.

Таъкид карда шуд, ки дар таърихи зиёда аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик садҳо чеҳраҳои мондагоре ҳастанд, ки нақши онҳо барои пойдории миллат, посдории илму фарҳанг, худшиносиву худогоҳии мардум ва ободии сарзамини аҷдодӣ басо арзишманд мебошад.

Яке аз чунин чеҳраҳои барҷастаи давраи навтарини таърихи миллати тоҷик аллома Бобоҷон Ғафуров мебошад, ки дар рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон, инкишофи илму фарҳанги муосири ҷумҳурӣ ва илми шарқшиносии асри ХХ саҳми бисёр муассир гузоштааст.

Бобоҷон Ғафуров тамоми ҳаёт ва фаъолияти худро дар ҷодаи таҳқиқи анъанаҳои давлатдории тоҷикон, гузаштаи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик, мақом ва ҷойгоҳи таърихии тоҷикон дар илму адаб ва фарҳангу тамаддуни башарӣ сарф намудааст.

Бобоҷон Ғафуров дар муҳите тарбия ёфта буд, ки дар он муҳаббат ба илму дониш ва фарҳангу адаб арзиши баланд дошт.

Самараи тарбия дар фазои мусоиди оилавӣ буд, ки Бобоҷон Ғафуров баъдтар ҳамчун ходими сиёсиву давлатӣ, тарғибгари арзишҳои ҳаётбахши миллӣ ва таърихи пурифтихори миллати тоҷик дар фазои пӯшидаву мураккаби даврони хеш ба камол расид.

Бобоҷон Ғафуров аз корманди одии созмони ҷавонон, рӯзноманигорӣ ва муҳаққиқи таърихи халқи тоҷик то роҳбари аввали ҷумҳурӣ ва директори Институти шарқшиносии Академияи илмҳои давлати абарқудрати Шӯравӣ расида, зиёда аз 21 сол ин маркази бузурги илмиро сарварӣ кардааст.

Фаъолияти илмии ӯ аз омӯзиши таъриху фарҳанги миллати тоҷик оғоз ёфта, баъдан ҳаракатҳои милливу озодихоҳии мардуми Машриқзамин, масъалаҳои миллӣ дар давлати Шӯравӣ, таърихи афкори сиёсиву ҷамъиятӣ, зиндагиву осори мутафаккирони бузурги Шарқ ва масъалаҳои мубрами илми шарқшиносӣ мавриди таҳқиқи доманадори олим қарор гирифтаанд.

Аввалин мақолаҳои таҳлилию танқидии ӯ ҳанӯз дар рӯзномаҳои «Овози тоҷик» ва «Бедории тоҷик» чоп шудаанд, ки мавзӯи асосии онҳоро масъалаҳои таърихӣ ва зиддияту муборизаи ҷомеаи нав ва куҳна ташкил медоданд.

Аз нимаи дуюми солҳои 30-юм фаъолияти сиёсии олим оғоз мегардад ва дар ин давра ӯ дар вазифаҳои гуногуни ҳизбиву давлатӣ кор карда, то мақоми роҳбари аввали ҷумҳурӣ, яъне котиби якуми Кумитаи марказии ҳизби ҳокими вақт интихоб мешавад.

Бояд гуфт, ки Бобоҷон Ғафуров нахустин тоҷике буд, ки пас аз ташкилёбии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба чунин мақоми баланди сиёсӣ интихоб ва таъин гардидааст.

Бо вуҷуди корҳои ҳизбиву давлатӣ Бобоҷон Ғафуров таҳқиқи таърихи халқи тоҷикро содиқона идома медод.

Ӯ дар солҳои баъдиҷангӣ бо маҳорати баланди кордонӣ ва масъулиятшиносӣ дар танзиму такмили иқтисодиёти ҷумҳурӣ талош варзида, саъю кӯшиши худро ба он равона намуд, ки Тоҷикистон ба ҷумҳурии пешрафта табдил ёбад.

Соли 1947 Тоҷикистон аз рӯйи ҳосилнокии пахта дар миқёси Шӯравӣ ба ҷойи аввал ва аз рӯйи ҳаҷми истеҳсоли он ба ҷойи дуюм баромад.

Барои натиҷаҳои беҳтарини дар солҳои 1946 – 1947 бадастоварда 184 нафар пешқадамони истеҳсолоти ҷумҳурӣ, аз ҷумла 41 нафар занон ба гирифтани унвони Қаҳрамони меҳнат ва 4216 нафар бо ордену медалҳо сарфароз гардонида шуданд.

Саҳми Бобоҷон Ғафуров дар бунёди даҳҳо корхонаи азими саноатӣ, рушди соҳаи аграрӣ, бахусус, дар самти муҳоҷирсозии мардуми кӯҳистон барои азхудкунии заминҳои бекорхобида ва пешрафти илму фарҳанги Тоҷикистон басо арзишманд мебошад.

Бунёди муассисаҳои нави илмиву таълимӣ, таъмин намудани онҳо бо мутахассисони таҷрибадор ва аз дигар ҷумҳуриҳо ба Тоҷикистон даъват кардани беҳтарин олимони соҳаҳои гуногуни илм аз ҷумлаи ташаббусҳои Бобоҷон Ғафуров мебошад.

Зери роҳбарии бевоситаи Бобоҷон Ғафуров дар шаҳри Душанбе соли 1948 Донишгоҳи давлатӣ, соли 1951 Академияи илмҳо ва соли 1955 Донишкадаи политехникӣ ба фаъолият оғоз намуданд.

Бобоҷон Ғафуров бо олимону адибон дар иртиботи доимӣ қарор дошт ва инкишофи илми Тоҷикистонро пайваста дастгирӣ, назорат ва роҳнамоӣ мекард.

Дар солҳои роҳбарии Бобоҷон Ғафуров силсилаи ҳафриёти бостоншиносӣ роҳандозӣ гардид, ки натиҷаи онҳо дар омӯзиши мукаммали таърихи гаронқадри миллати фарҳангии тоҷик аз аҳаммияти хос бархурдор аст.

Дар ҳақиқат ҳаёту фаъолияти академик Бобоҷон Ғафуров ва асари безаволи ӯ «Тоҷикон», солҳои 70-уми асри гузашта ба болоравии худшиносӣ ва худогоҳии миллии халқи мо такони ҷиддӣ бахшид ва ин раванд дар даврони соҳибистиқлолӣ ба хотири пояндагии миллат ва таҳкими иқтидори давлатдории навини тоҷикон ба маҷрои тоза ворид гардид.

Ба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Ҳадафи мо аз гиромидошт ва зинда нигоҳ доштани ному корномаи фарзандони бузурги миллати тоҷик ин аст, ки таърихи пурифтихор ва мероси пурбори илмӣ, адабӣ ва фарҳангиву тамаддунии худро соҳибӣ ва ҳимоя кунем, ин таърихи пурифтихор ва ин мероси гаронмояро ба хотири иттиҳоду сарҷамъӣ ва сарбаландиву сарфарозии мардумамон, ободии Ватани аҷдодиамон ва таҳкими пояҳои давлатдории навини миллиамон ҳарчи бештар ва оқилона истифода барем”.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1851
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4115
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:5966
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:29213
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:57103
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8266615

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?