26 Декабр 2023
Санаи 26 декабри соли 2023 дар тарабхонаи "Манижа" бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон аз тарафи соҳибкор Турсуной Зокирова ба 150 нафар кӯдакони ятими кулл, нимятим ва аз оилаҳои камбизоат дар арафаи Соли нави мелодии 2024 дастархони идона, туҳфаҳои солинавӣ ва барномаи рангини консертӣ баргузор карда шуд. Дар чорабинӣ раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода иштирок намуда, суханронӣ намуданд.
Зимни суханронии худ раиси шаҳр иброз дошт, ки ғамхорӣ нисбат ба кӯдакони ятиму бепарастор дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус дошта, барои беҳтар намудани шароити мусоиди зиндагӣ ва таҳсили онҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ ва самарабахш андешида шуда, зери таваҷҷуҳ ва ғамхории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Чун анъана таҳти сиёсати ғамхоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар иду ҷашнвораҳо кӯдакони ятим ва аз оилаҳои камбизоат ба ғамхорӣ фаро гирифта мешаванд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон низ зери сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кӯдакони ятим ва аз оилаҳои камбизоат ғамхорӣ зоҳир намуда, онҳоро аз мадди назар дур намекунад.
Дар фарҷом аз ҷониби ҳунармандони шаҳр барномаи рангини консертӣ бо Бобои барфиву барфак ва қаҳрамонони афсонаҳо манзури кӯдакон карда шуда, таъби онҳоро болида гардонид.