28 Декабр 2023
Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамасола рӯзи 28 декабр Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ ботантана таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат ҳамаи Шумо, кормандон ва алоқамандони соҳаи амниятро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон табрику таҳният намуда, бароятон дар иҷрои вазифаи басо мураккабу пурмасъул ва пуршараф саломатӣ, зиндагии осуда ва ба корҳоятон бурдбориҳо таманно дорам.
Мақомоти амнияти миллӣ яке вз ниҳодҳои муҳим ва калидии амнияти миллӣ маҳсуб ёфта, дар доираи ваколатҳои худ амнияти шахс, ҷамъият ва давлатро аз таҳдидҳои дохилӣ ва берунӣ таъмин менамоянд.
Имрӯз нақши кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар таъмини сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои истиқлолият, таъмини амнияти миллӣ, муҳофизати марзу буми кишвар бағоят бузург мебошад. Қобили тазаккур ва ифтихор аст, ки ба шароити душвору печида ва мураккаби ҷаҳони муосир, авҷ гирифтани амалҳои террористӣ дар ақсои олам нигоҳ накарда, ҳар як корманди мақомоти амният маҳорати баланди касбӣ, ҳушёрӣ ва садоқат ба давлату миллат нишон дода, дар таъмини амну осоиш дар кишварамон саҳми шоистаи худро мегузоранд.
Бо камоли эҳтиром, бори дигар кулли кормандони мақомоти амнияти миллиро бо иди касбиашон табрик намуда, барояшон офияту саодати рӯзгор ва дар иҷрои рисолати бузург - ҳимояи неъматҳои муқаддасу беназир - озодиву истиқлолият ва манфиатҳои милливу давлатӣ барору комёбиҳо орзу менамоям.