Матни равон

Рушди соҳаи саноат, афзун намудани ҳаҷми истеҳсолот, ба кор андохтани хатҳои нави истеҳсолӣ ва то ба коркарди ниҳоӣ расонидани ашёи хоми ватанӣ аз ҳадафҳои олии Ҳукумати кишвар ба ҳисоб рафта, бо ин мақсад як қатор барнома ва лоиҳаҳои хурду бузург амалӣ карда мешавад.

ҶДММ "Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой" аз зумраи бузургтарин корхонаи саноатии вилоят ва ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дар ин коргоҳ асосан коркарди маъдан ва истеҳсоли консентрати сурб, руҳ ва хокаи мисс ба роҳ монда шудааст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо раванди истеҳсолот дар ин корхонаи азими саноатӣ аз наздик шинос гардида, ба масъулин ҷиҳати баланд бардоштани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, истифодаи самараноки иқтидори корхона, бо кори доимӣ таъмин намудани шаҳрвандон ва иҷрои уҳдадориҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Роҳбари вилоят бо ҳамроҳии муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нави кишвар зимни шиносоӣ бо раванди истеҳсолот дар корхона ба масъулин ҷиҳати истифодаи самараноку мақсадноки дастгоҳу таҷҳизоти мавҷуда супоришҳои мушаххас дод.

Таъкид карда шуд, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба ширкат як қатор имтиёзҳо пешбинӣ гардида, аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят низ дастгирӣ карда мешавад. Аз ин лиҳоз, масъулинро зарур аст, ки ҷиҳати истифодаи пурраи иқтидори истеҳсолӣ ва таъмини ӯҳдадориҳои худ чораандешӣ намоянд.

Сипас, таҳти раёсати Раиси вилоят ва бо иштироки муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нав, муовинони Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, директории иҷроияи ширкат ва ҳайати роҳбарикунандаи корхона  машварати корӣ баргузор гашт.

Дар машварат аз фаъолияти корхона давоми соли 2023 натиҷагирӣ карда шуда, нақшаи чорабиниҳо барои соли 2024 тасдиқ гардид. Зимнан иттилоъ дода шуд, ки давоми соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли махсулоти саноатии корхона ба 2,8 млрд. сомонӣ баробар гардид. Дар ин давра истеҳсоли консентрати сурб 68,5 ҳазор тонна, руҳ 97,9 ҳазор тонна ва мисс 4 ҳазор тоннаро ташкил дод.

Раиси вилоят барои беҳтар намудани фаъолияти корхона ва ислоҳи камбудиҳои мавҷуда ба роҳбарияти ширкат супоришҳо дод ва машварат бо тарҳрезии нақшаи чорабиниҳо барои соли 2024 ба итмом расид.

Дар шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон Раиси вилоят ҳамчунин собиқадорони арсаи меҳнат Мирсабур Зарипов ва Юнус Сабуровро хабар гирифт.  Иттилоъ дода шуд, ки собиқадорони меҳнат солиёни зиёд кору фаъолият бурда, баҳри пешрафти шаҳрак саҳми худро гузоштаанд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:209
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2269
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:209
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17416
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:9125
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7741515

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?