06 Январ 2024
Дар шаҳри Гулистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат таъкид карданд, тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад.
Аз ҷумла, ҷиҳати бунёди корхонаҳои саноатӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, ба роҳ мондани содироти маҳсулот, ҷалби сармоя ба иқтисодиёт чораҷӯӣ карда мешавад.
Зимни боздиди кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз шаҳри Гулистон маълумот дода шуд, ки бо ташаббуси соҳибкорон фабрикаи паррандапарварӣ бунёд гардида истодааст. Фабрикаи паррандапарварии ҶДММ "Шамс тиҷорат" бо истифода аз дастгириҳои давлатӣ сохта шуда, бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонида хоҳад шуд.
Дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон коргоҳи нав бунёд гардида истодааст, ки дар он истеҳсоли қубурҳои полиэтиленӣ ва ноқилҳои барқӣ ба роҳ монда мешавад.
Маълумот дода шуд, ки ин коргоҳ аз ҷониби соҳибкор Саидбой Абдуллоев сохта шуда, корҳои созандагӣ дар иншоот тибки нақша идома дорад. Мусаллам аст, ки дар бозори дохил ва берун аз он талабот бо ноқилҳои барқӣ зиёд аст. Аз ин хотир, ташкили чунин коргоҳ мувофиқи мақсад дониста шуд. Таъкид гардид, ки баъди пурра васлу насби дастгоҳу таҷҳизот истеҳсоли қубурҳои полиэтиленӣ барои обёрӣ ва беш аз 10 намуди ноқилҳои барқӣ истеҳсол ва ҳамзамон, ба кормандон шароити хуби корӣ фароҳам оварда мешавад.
Айни замон корҳои сохтмонӣ ҷараён дорад ва масъулин азм доранд, ки дар муҳлати пешбинишуда корҳоро ба анҷом расонанд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат аз дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таъмини рушди соҳаи саноат, ташкили ҷойҳои нави корӣ, ворид ва насби хатҳои нави истеҳсолӣ ёдоварӣ намуда, илова кард, ки дар вилояти Суғд барои соҳибкориву сармоягузорӣ шароит муҳайё мебошад. Соҳибкорони ватандӯст бо истифода аз ин дар амалӣ шудани ҳадафҳои созанда саҳми арзанда мегузоранд.
Дар корхонаи истеҳсолии ҶДММ «Тилгат» дар ояндаи наздик беш аз 20 навъи рангҳои сохтмонӣ истеҳсол карда мешавад.
Аснои боздиди роҳбари вилоят маълумот доданд, ки дастгоҳу таҷҳизот аз кишварҳои Чин ва Туркия ворид гардида истодааст. Бо фаъол гаштани корхона 30 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мешаванд.
Бо назардошти рушди соҳаи моҳипарварӣ дар шаҳри Гулистон коргоҳи консервабарорӣ ташкил мегардад. Дар заминаи Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Таъминоти моҳӣ » корҳои азнавсозии коргоҳи консервабарорӣ идома дорад. Ояндаи наздик дар ин коргоҳ бо истифода аз гушти моҳӣ консерва истеҳсол ва басту банд мешавад.
Раиси вилоят барои амалисозии иқдому ташаббусҳои неки соҳибкорон тавсияҳои муфид дода, илова намуд, ки бо фаъол шудани корхонаҳои нав сатҳи зиндагии сокинон боз ҳам беҳтар хоҳад шуд.