13 Январ 2024
12 январи соли 2024 дар шаҳри Ботканди вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон — Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Зимни мулоқот роҳбарони ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон муҳокимаи масъалаи делимитатсияи хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар қитъаҳои боқимонда идома дода, ҷиҳати боз ҳам фаъол гардонидани гуфтушунидҳои гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон супоришҳои мушаххас доданд.
Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.