18 Январ 2024
Имрӯз, дар толори МД “Маркази таҳсилоти иловагӣ”-и шаҳр тибқи ҷадвали баргузории Ҷаласаи якҷояи шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва шӯрои куҳансолони Ҳаракат оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024, ки аз ҷониби Раиси Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, ҷаласаи ҷамъбатӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон намояндагони Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзоаъзам Мақсудов ва Рустам Юлдошев иштирок намуданд.
Нахуст,ҳисоботи солонаи фаъолияти шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон аз ҷониби мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Фаридуншоҳ Абдуллоев ироа карда шуд.
Зикр карда шуд, ки шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон баҳри дар амал тадбиқ намудани дастуру супоришҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи корҳои тарғиботӣ-ташвиқотӣ, таҳким ва густариши робита бо аҳзоби сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, таъмини робитаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо созмонҳои ҷамъиятӣ-сиёсӣ, ташаккули фазои суботи сиёсӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ, ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои умумишаҳрӣ, ҷашнҳо ва санаҳои таърихӣкорҳои мушаххасро ба сомон расонид.
Дар давраи ҳисоботӣШӯрои шаҳрии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣва эҳёи Тоҷикистон бо ҳадафи тарбияи насли навраси оянда дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣва ифтихори миллӣдар муассисаҳои таълимии шаҳр бо иштироки аъзои Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣва эҳёи Тоҷикистон бахшида ба чорабиниҳои муҳими сиёсӣ як қатор чорабиниҳо баргузор намуд.
Дар ин давра бо мақсади фаҳмондадиҳии вазъи сиёсӣ, таблиғоти ҳуқуқӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, ҳодисаҳои номатлуб, аз ҷумла гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, баланд бардоштан ва бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва муаррифии дастовардҳои даврони истиқлолият аз ҷониби аъзои Шӯрои шаҳрии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣва эҳёи Тоҷикистон дар ҳамкорӣбо шуъбаю бахшҳо беш аз 100 маротиба чорабиниҳои гуногуни тарғиботиву ташвиқотӣба роҳ монда шуд.
Сипас, муовини директори МД “Маркази таҳсилоти иловагӣ”-и шаҳр Лоиқ Кенҷаев ба музокира баромад.
Паз аз он, намояндагони Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзоаъзам Мақсудов ва Рустам Юлдошев андешаҳои худро перомуни фаъолияти шӯро ва пешниҳодҳо барои тақвияти фаъолият дар соли 2024 иброз намуданд.
Сипас, нақшаи кории Шӯро барои соли 2024 бо ҷонибдории аъзои Шӯро тасдиқ карда шуда, вазифаҳо барои соли 2024 муайян гардиданд.