25 Январ 2024
Санаи 24.01.2024 дар толори кохи Фарҳанги шаҳраки Адрасмон тибқи нақшаи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр доир ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар “Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар” вохӯрӣ бо сокинон баргузор карда шуд.
Дар вохӯрии мазкур, и.в мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими шаҳр Аҳлиддин Тоҷиддинов, сармутахассиси Комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак Матлуба Сатторова, мутахассиси пешбари бахши кор бо занон ва оила Мадина Каримова, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳр Ҷамолиён Муслимахон ва раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳри Гулистон Қосимова Каромат Маҳмудовна иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр карда шуд, ки Паём яке аз муҳимтарин санадҳои барномавие аст, ки дар он на танҳо воқеияти имрӯз, балки эҳтимоли равандҳои ояндаи дохилӣ, минтақавӣ ва глобалӣ аз нигоҳи илмӣ баён гардидааст. Аз ин рӯ, Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро бо камоли дақиқият ва аз лиҳози таҳлилҳои воқеъбинонаю дурандешона муайян менамояд ва барои мардуми мамлакат чун дастури раҳнамо ба сӯйи созандагию бунёдкориҳои нав хизмат менамояд.
Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии кишвар фарогири ҳамаи самтҳои хоҷагии халқи кишвар мебошад. Дар он бурду бохти ҳамаи самтҳо ва дурнамои рушди ояндаи онҳо тавзеҳ ва баррасӣ гардид. Тавре ки оғози Паём зикр гардид: “Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид”. Ин буд, ки дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли қаблӣ 8,3% зиёд гардида, ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шудааст ва қисми даромади буҷети давлатӣ да ҳаҷми 102,5 фоиз таъмин гардидааст.
Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд.
Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард сомонӣ равона карда шудааст, ки нисбат ба соли 2022-юм 5,3 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳамчунин, доир ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва пешгирии ҷудошавии оилаҳо сухан карда шуд.