Матни равон

Имрӯз, 24.01.2024 дар толори Маркази саломатии шаҳр тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати шаҳру тавзеҳи нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба Маҷлиси Олии кишвар  таҳти унвони “Паёми Пешвои миллат-ифодагари ормонҳои сокинони кишвар” хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар хониши сиёсии мазкур мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов ва Ҳомидҷонов Ҷонибек роҳбари Маркази саломатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки Паёми навбатии  Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии кишвар фарогири ҳамаи самтҳои хоҷагии халқи кишвар мебошад. Дар он бурду бохти ҳамаи самтҳо ва дурнамои рушди ояндаи онҳо тавзеҳ ва баррасӣ гардид.Тавре ки аз оғози Паём зикр гардид: “Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид”. Ин буд, ки дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли қаблӣ 8,3% зиёд гардида, ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шудааст ва қисми даромади буҷети давлатӣ да ҳаҷми 102,5 фоиз таъмин гардидааст.

Дар ҳафт соли охир аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ тавассути пардохти нафақа, кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо, нигоҳдории муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва уҳдадориҳои дигар зиёда аз 21,9 миллиард сомонӣ, аз ҷумла танҳо дар соли 2023-юм 4 миллиард сомонӣ равона карда шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фарҷоми Паём ба сокинони кишвар таъкид намуданд, ки: “Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем, тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибихтиёрамон равона созем.

Ман ба мардуми азизи кишвар муроҷиат карда, ҳар яки онҳоро даъват менамоям, ки биёед, табиати Тоҷикистони биҳиштосоямонро ба гулистон табдил диҳем, ободӣ ва тозагиву озодагиро аз ҳар хонаву кошона сар карда, то деҳоти дурдасттарин вусъат бахшем, тамоми қаламрави Ватанамонро хурраму сарсабз гардонем ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ будани худро ба ҷаҳониён собит намоем.

Ман ба ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси гарми ватандӯстӣ, нияти неку азми қатъӣ ва саъю талоши созандаи мардуми шарафманди Тоҷикистон эътимоди комил дорам”.

Ҳамчунин, доир ба соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, занон ва ҷавонон  ва дигар ҷанбаъҳои Паём мавриди шарҳу тавзеҳ қарор дода шуданд.

Дар фарҷом зикр карда шуд, ки имрӯз, нақшаву ҳадафҳои мо дар Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти пурсамар дар соли 2024 пурра зикр шудаанд ва танҳо моро мебояд, ки бо азму садоқати устувор, бо ҷидду ҷаҳд, софдилона барои рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар кору фаъолияти арзанда намоем.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:51
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4115
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:18852
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:16310
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:55303
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8264815

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?