03 Феврал 2024
Таҳти ин унвон имрӯз, 03.02.2024 намояндагони ҷомеаҳои меҳнатии корхонаву муассисаҳо, ташкилоту идораҳо, кормандони соҳаҳои маориф, фарҳанг, Раёсати ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар маркази шаҳр ба шанбегӣ баромаданд.
Гулистониён тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо, кӯчаҳо ва маҳалли зист, ки дар Паёмӣ навбатӣ ироа гардид ва дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таъкид гардид корҳои мушаххас роҳандозӣ менамоянд.
Дар шабегии имрӯза аҳли ҷомеаи меҳнатии шаҳр шафати роҳи асосӣ, атрофи корхонаву муассиса ва хиёбону гулгаштҳоро аз хасу хошок ва алафҳои бегона тоза намуданд.