06 Феврал 2024
Санаи 03.02.2024 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3-и шаҳраки Консой ҷиҳати пешгирии падидаҳои номатлуби ҷомеа аз қабилӣ ҷиноятсодиркунӣ ва риоя Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо хонандагони муассиса вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Дар вохӯрии мазкур сармутахассиси ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Матлуба Сатторова, и.в. мудири бахши кор бо дин, танзими анъана ва ҷашну маросим Аҳлиддин Тоҷиддинов ва раиси ҷамоати шаҳрак Амир Муҳаббатов иштирок ва суханронӣ намуданд.