07 Март 2024
Модарон, бонувон ва хоҳарони арҷманд!
Боиси хушнудист, ки дар рӯзҳои муждагонӣ аз баҳору Наврӯз, оғози фасли шукуфтанҳо ва бедории табиат дар саросари олам ва бахусус Тоҷикистони маҳбуб Рӯзи Модар бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.
Ба муносибати фарорасии Рӯзи модар кулли бонувони шаҳрро самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, хушбахтӣ ва рӯзгори босаодат орзу менамоям.
Модар сарчашмаи хушкнашавандаи ҳаёт буда, нуру зиёи олам ва гармии зиндагӣ аз ӯ мебошад. Модар шахси муқаддасест, ки бо шири покаш ва бо меҳрубонии ба худаш хос дар қалби тифли худ хислатҳои неки инсониро парвариш карда, ӯро ба шоҳроҳи зиндагӣ раҳнамоӣ месозад.
Дар ин росто, ҳар як фарди тарбиятдидаву оқил тамоми умри худро бо ҳастии модар пайванд медонад, ӯро дӯст медорад ва ранҷу азияти кашидаи модарро то лаҳзаи охирини ҳаёт қадршиносиву посдорӣ менамояд. Модар рамзи ҷовидонаи меҳру вафо ва идомабахши насли инсон аст.
Зан-модар ба мисли баҳори пурнакҳату муаттар таҷассумгари фардои обод буда, бо нияту орзуҳои нек фарзанди худро ба камол мерасонад ва ӯро дар роҳи хизмат ба халқу Ватан ҳидоятгару насиҳатгар мебошад.
Ҳар як нафар аввалин дарси одамияту худшиносиро аз модар меомӯзад ва тавассути суханони пурҳикмати ӯ соҳиби маърифат мегардад.
Бинобар ин, аввалин омӯзгори беминнати инсон модар буда, ба фарзанд на танҳо сухан гуфтанро меомӯзонад, балки беҳтарин амалу рафтор ва адабу хислатҳои ҳамидаро дар зеҳну шуури ӯ тарбия мекунад.
Бо шарофати сиёсати фардосози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати таъмини мавқеи устувори зан-модар дар ҷомеа ҳамаи имкониятҳо фароҳам оварда шуд.
Натиҷаи ин сиёсати оқилона аст, ки занони қавииродаву боҷасорат ба арсаи васеи сиёсат ворид гардиданд.
Дар баробари ин, мавқеи зан-модар дар рушди иҷтимоиёт ва иқтисоду фарҳанги мамлакат таҳким ёфта, барои истифодаи неруи ватанхоҳиву бунёдкоронаи онҳо заминаи устувор гузошта шуд. Дар натиҷа барои модари тоҷик майдони матонату ҷасорат, далериву шуҷоат ва ғайрату некномӣ муҳайё гардид.
Тули солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати кишвар тамоми тадбирҳоро роҳандозиву амалӣ намуда истодааст, ки мақом ва ҷойгоҳи иҷтимоии занону бонувонро дар муносибатҳои ҷамъиятӣ ва пешрафти давлат баланд бардорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки: “Ба ҷо овардани иззату эҳтироми модарон ва занону бонувон, саъю талош ба хотири ҳалли мушкилоти онҳо ва фароҳам овардани шароит барои илму донишомӯзӣ ва соҳиби касбу ҳунар гардидани духтарон аз ҷумлаи вазифаҳои афзалиятноки Ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбад”.
Беҳуда нагуфтаанд, ки зан чароғи хонадон, сарчашмаи ҳама эҳсосоти зиндагибахш ва машъали роҳнамои ҷомеа мебошад.
Имрӯзҳо модарони сарбаланди шаҳрамон баробари мардон номуси ватандориро ба дўши худ гирифта, дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат садоқатмандона фаъолият доранд. Бо ташаббусҳои созандаи худ як гӯшаи Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонида истодаанд.
Итминон дорам, ки бонувони шаҳри Гулистон масъулияти азалии худро ба ҷо оварда, бо фазлу ҳикмат ва бо меҳру муҳаббат ҷомеаи моро бо ҳама эҳсосоти пок ва ҳаётбахшу офаридагор саршор мегардонанд.
Бори дигар ҳамаи модарону бонувони гулистониро ба ифтихори Рӯзи Модар самимона табрик гуфта, бароятон як ҷаҳон шодиву сурур, тансиҳативу рўзгори хуш, комрониву саодатмандӣ ва комёбиҳои беназири фаъолияту зиндагиро орзумандам.
Идатон муборак бошад, модарон ва хоҳарони азиз!