14 Март 2024
Санаи 13.03.2024 тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар Ҷамоати шаҳраки Консой бо сокинони маҳалла вобаста ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, пешгирии шомилшавии ҷавонону шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ ва тақвият бахшидани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстӣ дар ҷомеа вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур ҳайати гурӯҳи тарғиботии шаҳр муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов, корманди шуъбаи дар шаҳри Гулистон будаи РКДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Сафаров Раҷабалӣ, корманди комиссари ҳарбии шаҳр Кассиров Парвиз, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён, мудири бахши дин, танзимӣ анъана ва ҷалну маросимҳо Тоҷиддинов Аҳлиддин ва мудири бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Ҷуразода Бахтовар иштирок ва суханронӣ намуданд.
Таъкид карда шуд, ки ҳаёт ба сар бурдан дар раванди босуръати ҷаҳонишавӣ ва ҳаводиси ҷаҳони муосир аз шахс масъулияти бузургро талаб менамояд, зеро рушди бемайлони илму технология метавонад инсонҳоро бо ҳам наздиктар намуда, дар миёни онҳо афкори гуногунро ба вуҷуд орад, ки на ҳамаи унсурҳои он барои ҷомеаи мо манфиатовар аст.
Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо, ки ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, албатта наметавонад аз ин гуна бархурдҳо ва тазодҳои печидаи ҷаҳони муосир дар канор монда, нисбати онҳо бетараф бошад. Бо назардошти ин, масъалаҳои таълиму тарбияи насли наврасу ҷавони кишвар, омӯзиши ҳамаҷонибаи таърихи халқи тоҷик, ҳифзи арзишҳои миллию давлатӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти давлатӣ ва дастовардҳои замони истиқлол, доштани ҳисси баланди ифтихори миллӣ, гирифтани пеши роҳи таассубу ихтилоф, пешгирии падидаҳои номатлуб, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ ва тақвият бахшидани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстӣ дар ҷомеа аз муҳимтарин арзишҳои худшиносӣ мебошанд, ки беш аз пештар дар ҷомеаи шаҳрвандии мо аҳамият пайдо намудаанд. Бинобар ин баргузории вохӯрии имрӯза ба манфиати кор мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фарҷоми Паём навбатии худ 23 декабри соли 2023 ба сокинони кишвар таъкид намуданд, ки: “Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем, тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибихтиёрамон равона созем”.
Доир ба масъалаҳои зикргардида баромадкунандагон суханронӣ намуданд.