МУЛОҚОТ БО СОКИНОНИ ШАҲРАКИ ЧОРУҚДАРРОН ВОБАСТА БА СОЛИ 2024 ЭЪЛОН ГАРДИДАНИ “СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ”
14 Март 2024
Имрӯз, 14.03.2024 дар толори ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррони шаҳр тибқи нақшаи муштараки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ бо сокинон доир ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқкуқӣ”, расонидани нуктаҳои муҳими мулоқоти Президенти кишвар бо намояндагони аҳли ҷоме ва ходимони дини кишвар, фаҳмонидани моҳияти Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба терроризм” мулоқот баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур муовини Раиси шаҳр Ғайрат Оқилзода, прокурори шаҳр Вазирзода Вазир Зокир, сардори шуъбаи дар шаҳри Гулистон будаи РКДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Комрон Қаҳҳоров ва муфаттиши калони прокуротураи шаҳр Шамсулло Раҳматуллозода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр карда шуд, ки санаи 28-уми декабри соли 2023 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми навбатӣ ироа гардид. Дар Паёми навбатӣ роҳи минбаъдаи рушди мамлакат, барномаи фаъолияти Ҳукумати кишвар, мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти иҷроия ба таври возеҳу равшан баён гардид.
Бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардид ва вобаста ба ин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми декабри соли 2023 таҳти №668 Дар бораи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024 ба тасвиб расид.
Ҳамчунин, доир ба расонидани нуктаҳои муҳими мулоқоти Президенти кишвар бо намояндагони аҳли ҷоме ва ходимони дини кишвар, ки 9-уми марти соли ҷорӣ дар Кохи “Ваҳдат” баргузор гардид таъкид шуд, ки дар он мулоқот доир ба равандҳое, ки дар ҷаҳони муосир идома доранд, аз ҷумла бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, «сиёсати дугона» нисбат ба гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва монанди инҳо, ки василаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ гардидаанд, инчунин, таъсири онҳо ба ҷомеа ва давлат Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози андеша намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аҳли ҷомеаи кишвар даъват намуданд, ки бо риояи анъанаҳои накуи аҷдодӣ ба масъалаи анҷоми тадбирҳои созандагию бунёдкорӣ, дуруст ташкил ва ба роҳ мондани маросими адои ҳаҷ ва умра иҷрои корҳои хайру савоб, дар арафаи идҳо дароз кардани дасти сахо ба эҳтиёҷмандон, ятимону камбизоатон, ғамхорӣ нисбат ба падару модар ва хоҳару бародарони хеш, таваҷҷуҳи махсус диҳанд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки мо бояд дар амалӣ намудани арзишҳои миллӣ ва динии худ ҳамеша манфиати мардуми Тоҷикистонро дар мадди назар дошта, ба қадри соҳибистиқлолии давлатамон бирасем ва ин неъмати бебаҳоро ҳамчун гавҳараки чашм нигаҳбонӣ намуда, шукронаи онро ба ҷо орем.
Ҳамчунин, доир ба пешгирии экстремизму терроризм, хурофотпарастию бегонапарастӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ, риояи бечунучарои қонунҳо ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву шаҳрвандӣ ибрози назар карда шуд.
Сипас, матни як қатор қонунҳо аз қабили Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” ва “Дар бораи муқовимат ба терроризм”, ки аз ҷониби прокуротураи шаҳр ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар шакли китобчаҳо (брошюра) таҳия гардида буд ба иштирокчиён тақдим карда шуд.