Матни равон

Ҳамшаҳриёни гиромӣ!

Ба сарзамини соҳибистиқлоли мо боз иди мубораку файзбахши баҳор ва ҷашни қадимтарину зеботарини аҷдодӣ – Наврӯзи оламафрӯзи байналмилалӣ қадами мубораку зиндагисози худро гузошт. Наврӯз барои миллати мо чун соли нави аҷдодӣ ва иди баҳор арзиши бузург дошта, боиси ифтихору сарбаландии ҳар як фарди ватандӯсти Тоҷикистон мебошад.

Тавассути Истиқлоли давлатӣ, сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз файзу баркати хосаи иди бузургтарини аҷдодӣ ва миллӣ шукӯҳу шаҳомати тоза пайдо намуда, он ба густариши оинҳои Наврӯзи Аҷам мусоидат карда, барои такомули худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ташаккули маънавият такони нерубахши худро эҳдо кардааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошии  худ ба ифтихори ҷашни Наврӯз таъкид намуданд, ки: “Дар айёми Наврӯз ва фасли баҳор пӯшидани либосҳои миллии идона, тозаву озода кардани хонаву кошона, кӯчаву хиёбон, боғу гулгашт ва маҳалли зисти худ аз ойинҳои зебоипарастии ниёгонамон маншаъ мегирад.

Мо бояд ин ойину арзишҳоро ҳамарӯза риоя намоем, муҳити зист, яъне кӯчаву хиёбон, деҳаву маҳалли зист, шаҳру ноҳия, инчунин, роҳҳои кишварамонро ҳамеша тозаву озода нигоҳ дорем ва сарзамини аҷдодиамонро боз ҳам сарсабзу хуррам ва дилкашу хушнамо гардонем. Чунки ин корҳо нишондиҳанда ва баёнгари тамаддуни деринаи мо ҳамчун миллати ободгару созанда мебошанд”.

Аз рӯи анъана мардуми тоҷик дар арафаи ҷашни Наврӯз ботини худро аз кинаву кудурат ва андешаҳои носолим пок карда, манзилу хонаи зист, сару либос ва тамоми ашёи рӯзгорашонро тозаю ороста менамоянд. Муҳимаш мардуми мо дар ҷашни Наврӯз бо меҳру шафқат сӯи якдигар оѓӯш мекушоянд, ба аёдати пирону барҷомондаҳо мераванд, дасти ятимону бепарасторонро мегиранд ва саховату ҷавонмардиро вазифаи муқаддасу қарзи инсонии хеш мешуморанд.

Наврӯзи имсола бо қадами муборакаш аз фаро расидани мавсими навбатии ободонию созандагӣ, ниҳолшинонию кабудизоркунӣ ва хуштарҳу зеботар намудани манзилу макони зист башорат медиҳад. Қарзи шаҳрвандӣ ва маданияти шаҳрдорӣ аз ҳар як фарди бонангу номус, ватанпарвару худогоҳу ҳимматбаланд тақозо менамояд, ки ақаллан як ниҳол шинонанд, табиатро сарсабзу хуррамтар намоянд, кӯчаю хиёбон, ҷойи кор ва гузару маҳалли зисташонро ба тартиб оранд. Ин амалҳои нек ва садоқатмандона туҳфаи муносибе мегардад, ба истиқболи дигар идҳои таърихӣ ва фарҳангӣ ва омодагиҳо ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар.

Бо фарорасии Наврӯзи оламафрӯз кулли сокинони шаҳрро муборакбод гуфта, бароятон тансиҳатӣ, рӯзгори обод, бахту саодат, дастурхони пурфайз ва сари баланду барори кор орзумандам.

Бигузор, ҳар рӯзи умри Шумо мисли Наврӯз саршори шодию нишот ва орзуҳои наҷиб бошад!

Иди байналмилалии Наврӯз муборак бод, ҳамшаҳриёни азиз!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3490
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:14686
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:3490
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:29213
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:54627
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8264139

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?