Матни равон

Дар ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” тибқи нақшаи кории прокуротураи шаҳри Гулистон бо кормандон доир ба эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқкуқӣ”, расонидани нуктаҳои муҳими мулоқоти Президенти кишвар бо намояндагони аҳли ҷоме ва ходимони дини кишвар, фаҳмонидани моҳияти Қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”,  “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур  Дилшод Умарзода ёрдамчии прокурори шаҳри Гулистон иштирок ва суханронӣ намуд.

Зикр карда шуд, ки дар Паёми навбатии худ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки  соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шавад ва вобаста ба ин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми декабри соли 2023 таҳти №668 Дар бораи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024 ба тасвиб расид.

Яке аз сабабҳои асосии тавъам донистани “Соли маърифати ҳуқуқӣ” бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин пеш аз ҳама «вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир — терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ» мебошад. Ба ифодаи дигар, таъмини амнияти мамлакат, суботи ҷомеа, бехатарии шахс моро водор месозад, ки бештар аз ҳар вақти дигар — ҳатто аз даврони ҷанги шаҳрвандӣ ва баъд аз он — мусаллаҳ бо донишҳои замонавӣ бохабар аз бозиҳои геополитикии абарқудратони ҷаҳону минтақа, муттаҳид дар забону амал, муваффақ дар расидан ба ормонҳои миллӣ бошем.

Чуноне Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паёми навбатӣ иброз доштанд «Конститутсия ва қонунҳое, ки давоми чанд соли охир қабул шудаанд, асоси тозаи низоми ҳуқуқӣ гузоштанд, ки аз нигоҳи моҳияту мазмунашон дар муқоиса бо қонунҳои давраи гузашта комилан нав ҳастанд. Дарку фарогирии ин падидаҳои ҳуқуқӣ ва идомаи ислоҳоти соҳаи ҳуқуқ ҳам аз шаҳрвандон ва ҳам аз мақомоти давлатию ғайридавлатӣ тақозо менамояд, ки муносибати худро дар ин самт ба куллӣ тағйир диҳанд». Бинобар ин, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадор гардиданд, ки барои тарғиби дониш ва тавсеаи ҷаҳонбинии ҳуқуқии аҳолии мамлакат фаъолона саҳм гузоранд.

Ҳамчунин, доир ба расонидани нуктаҳои муҳими мулоқоти Президенти кишвар бо намояндагони аҳли ҷоме ва ходимони дини кишвар, ки 9-уми марти соли ҷорӣ дар Кохи “Ваҳдат” баргузор гардид таъкид шуд, ки дар он мулоқот доир ба равандҳое, ки дар ҷаҳони муосир идома доранд, аз ҷумла бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, «сиёсати дугона» нисбат ба гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва монанди инҳо, ки василаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ гардидаанд, инчунин, таъсири онҳо ба ҷомеа ва давлат Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози андеша намуданд.

Ҳамзамон, доир ба моҳият ва риояи меъёрҳои қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”,  “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъкид карда шуд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3696
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:6319
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:24513
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22479
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:80591
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7722511

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?