24 Апрел 2024
Имрӯз, 24.04.2024 тибқи нақшаи кории прокуротураи шаҳр дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр доир ба пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа, татбиқи “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” бо иштироки масъулини соҳаи маориф ва волидайни хонандагон вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрии мазкур муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон ва муовини прокурори шаҳр Мухадиярова Малика иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр карда шуд, ки 1 июни соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Нақшаи амал оид ба амалисозии онро бо фармони хеш таҳти №187 тасдиқ намуданд.
Стратегия мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян намуда, ба муттаҳид намудани тадбирҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар ин самт равона шудааст.
Ҳамчунин, дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитсон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар пешниҳод намуданд, ки ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад.
Созмонҳои экстремистию террористӣ ҷиҳати ба сафҳои худ ҷалб намудани ҷавонон аз ҷумла тавассути ҷустуҷӯи аъзои нав бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолияти густурдаи ташвиқоти тарғиботӣ мебаранд.
Дар робита ба ин Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои ниҳодӣ, фарогир ва маҷмуи пешгирӣ, ошкор, рафъ, ва қатъ намудани зуҳуроти экстремизм ва терроризмро қабул ва амалӣ менамояд.
Аз падару модарон даъват карда шуд, ки дар тарбияи фарзандон ба саҳлангорӣ роҳ надода, фаъолияти ҳаррӯзаи онҳоро зери назорати қатъии худ қарор диҳанд.
Сипас, бо масъулини соҳаи маориф, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва волидайн суҳбати озод сурат гирифт.