29 Апрел 2024
Дар шаҳри Гулистон оид иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, доир ба омавигардонии варзиш ва тарзи ҳаёти солим тадбирҳои муассир мунтазам андешида шудаистодааст. Дар ҳамин замина нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, бо тасдиқи Раиси шаҳр ба тавсиб расидааст.
Лозим ба ёдоварист, ки масъулин Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва мураббиён дар ҳамкорӣ бо дигар шаҳру ноҳияҳо, шуъбаи маориф, муассисаҳои таълимӣ, қисмҳои ҳарбӣ ва дигар корхонаву ташкилотҳои ҳудудӣ шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳои тобеияти шаҳр, ҳамарӯза мусобиқаҳои варзиширо, дар сатҳи хуб роҳандозӣ намуда, баргузор намудаистодаанд. Бо ҳамин мақсад, санаи 27.04.2024, дар толори кохи варзишии "Истиқлол"-и маркази шаҳри Гулистон, мусобиқаи кушоди шаҳрии гуштини миллӣ аз руйи 8 вазн ташкил ва баргузор карда шуд.
Қобили қайд аст, ки дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 100 нафар наврасону ҷавонони шаҳри Гулистон ва шаҳри Бӯстон фаъолона иштирок намуда байни ҳам рақабат қувваозмоӣ намуданда, 32 нафар ғолибон бо туҳфаҳо, дипломҳои дараҷавӣ ва медалҳо аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон қадрдонӣ гардиданд. Дар ин баробар масъулинӣ бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр ва мурабиён азм доранд, ки дар давоми соли равон, дар байни ҷавонону наврасон ва сокинони шаҳр мусобиқаҳои гуногунмазмунро ба роҳ монда, тарзи ҳаёти солим ва ақли солимро дар байни сокинони касбу кори гуногун рушд диҳанд.