29 Апрел 2024
Санаи 27 апрели соли 2024 дар тарабхонаи “Темурмалик”-и маркази шаҳр озмуни шаҳрии "Оилаи намунавӣ" баргузор гардид.
Муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон таъкид намуд,, ки оила дар фарҳанги куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки: "Масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи проблемаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад".
Дар чорабинии мазкур оилаҳои намунавии шаҳри Гулистон аз 20 то 55 сола даъват гардида буданд.
Дар чорабинӣ барои иштирокчиён дастархони идона ороста шуд. Оилаҳои намунавӣ доир ба паҳлуҳои гуногуни оиладорӣ сухан намуда таъкид намуданд, ки дар зиндагӣ сабру таҳаммул ва ҳамдигарфаҳмӣ оиларо ба хушбахтӣ мерасонад.
Ба оилаҳои намунавӣ аз ҷамоати шаҳракҳо ва маркази шаҳр туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр барномаи рангини фарҳангиро манзури иштирокдорон намуданд.