12 Май 2024
Дар доираи моҳвораи ҷавонон баҳри дастгирии хонандагону ҷавонони болаёқат ва ҳавасманд гардонидани онҳо қарори Раиси шаҳри Гулистон доир ба баргузории озмуни Стипендияи Раиси шаҳри Гулистон барои соли хониши 2023-2024 аз 23.04.2024, №118 ба тасвиб расидааст.
Бо ин мақсад санаи 11.05.2024, дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и маркази шаҳр озмуни Стипендияи Раиси шаҳри Гулистон барои соли хониши 2023-2024 миёни хонандагони синфҳои 8, 9 ва 10 -и муассисаҳои таълимии шаҳр баргузор гардид. Озмунро мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов ҳусни ифтитоҳ бахшид. Хонандагон аз фанҳои забони давлатӣ, забони англисӣ, забони русӣ, математика ва технологияи иттилоотӣ тест супорида, аз фанҳои забони давлатӣ ва забони русӣ низ диктант навиштанд. Пас аз баҳогузории ҳайати ҳакамони озмун ғолибон муайян гардиданд.
Аз теъдоди умумии довталабон 35 нафари онҳо соҳиби Стипендияи Раиси шаҳр гардиданд. Ғолибон дар доираи баргузории чорабиниҳои моҳвораи ҷавонон бо шаҳодатномаи Стипендияи Раиси шаҳр ва маблағҳои пулии муқарраргардида сарфароз гардонида мешаванд.