Матни равон

Соли равон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд 6 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.

Дар раванди бунёду ба кор даровардани коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ саҳми соҳибкорону сармоягузорон бештар аст.

Имрӯзҳо дар минтақаи саноатии шаҳр корҳои бозсозӣ дар корхонаи истеҳсоли масолеҳи металлии ҶДММ “Маҳмуд ва КО” бо маром идома дорад.

Дар ин корхона арматура ва секунҷаю чоркунҷаҳои металлӣ, ки дар сохтмони бинову иншооти гуногун, махсусан биноҳои бисёрошёна масолеҳи асосӣ ба шумор меравад, истеҳсол карда мешавад.

Тавре зимни шиносоии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ дода шуд, барқарорсозии корхонаи мазкур бо маблағгузории соҳибкорони Ҷумҳурии Ӯзбекистон амалӣ гардида, бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он бештар аз 300 нафар бо ҷойи кор таъмин мешаванд ва муҳимтар аз ҳама вобастагии бозори дохилӣ аз масолеҳи воридотӣ коҳиш меёбад.

Ҳамзамон дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон бунёди корхонаи истеҳсоли ноқилҳои барқӣ ва қубурҳои полиэтилени низ идома дорад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин корхона истеҳсоли бештар аз 30 намуди ноқилҳои барқӣ ва қубурҳои полиэтилении шаклу андозаашон гуногун ба роҳ монда шуда, маҳсулоти ин корхона ивазкунадаи воридот мебошад.

Дар ин ду коргоҳ корҳои сохтмонӣ дар ҳоли анҷомёбӣ қарор дошта, рӯзҳои наздик васлу насби хатҳои технологӣ шурӯъ мешавад, ки ҳамаи он хориҷи кишовар ворид карда шудааст.

Дар ҶДММ «Тиглат» дар ояндаи наздик  истеҳсоли рангҳои сохтмонӣ ба роҳ монда мешавад.

То ин замон дастгоҳу таҷҳизот аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ва давлати Туркия ворид карда шуда, маҳсулот мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳониӣ истеҳсол мегардад.

Дар натиҷаи ба фаъолият оғоз намудани коргоҳи рангбарории ҶДММ «Тиглат»  50 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мешаванд.

Таъкид гардид, ки ҳадафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат ба шуғли аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва рушди иқтисоди миллӣ мебошад.

Дар заминаи дастгириҳои давлатӣ соҳибкорон корхонаҳои нав бунёд намуда, барои амалӣ шудани ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.

Мавриди зикр аст, ки дар се моҳи аввали соли равон корҳонаҳои саноатии шаҳри Гулистон ба маблағи 767 млн. 288,2 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1294
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2015
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:8776
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:9422
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:12412
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:57438
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8171167

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?