15 Май 2024
Имрӯз, 15.05.2024 дар тарабхонаи “Темурмалик”-и шаҳри Гулистон Рӯзи оила бо иштироки оилаҳои намунавӣ бо шукӯҳ таҷлил карда шуд.
Нахуст Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода иштирокчиёни чорабиниро ба муносибати Рӯзи оила муборакбод гуфт.
Зикр карда шуд, ки оила дар фарҳанги куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбад. Оила асоси ҷомеа, муҳимтарин ячейкаи ҷамъияту давлат мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки: «Масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи проблемаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад».
Дар ҳақиқат масъалаи пойдорӣ ва рушду мустаҳкамии оила чун мавзуи муҳими демографӣ вазифаи ҳамагон мебошад. Мо бояд дар тақдиру сарнавишти ҳеҷ як оила бетараф набошем ва агар лозим шавад, дар ҳама ҳолат ёрии хешро аз онҳо дареғ надорем. Вазифаи оила дар доираи кору бори хонадон оқилона ташкил кардани ҳаёти кӯдакон аст, то ин ки онҳо таҷрибаҳои муфиди наслҳои калонсолро аз худ намоянд ва дар фаъолияти амалии худ истифода бурда тавонанд.
Бо шарофати сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзу ҳимояи ҳуқуқҳои оила тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардидаанд. Қабули санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар кишвар ифодакунандаи дурнамои сиёсати давлат дар самти таҳкими мақоми оила мебошад. Асоси ин санадҳоро, ки оила дар он ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ ва макони тарбияи фарзанд эътироф мегардад, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, солимии занон ва танзими оила ташкил медиҳад.
Ба оилаҳои намунавӣ туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим карда шуд.
Сипас, санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр баҳри болидахотирии иштирокчиён барномаи рангини фарҳангӣ манзур намуданд.