Матни равон

Тибқи нақшаи чорабиниҳои асосии шаҳри Гулистон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ пешгирӣ, эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода ба корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгириИ ғарқшавии шаҳрвандон дар обанбори «Баҳри тоҷик» ва обутобгоҳҳои ҳудуди шаҳр аз тарафи кормандони бахши Рёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон дар якҷоягӣ бо намояндагони шуъбаи маориф ва ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр вусъат бахшида шудааст.

Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1, №8, №14 ва гимназияи №1-и шаҳр бо иштироки омӯзгорон ва хонандагон доир ба ин масъала мулоқот доир гардид. Дар назди иштирокчиён сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон Шуҳрат Алиев ва намояндаи ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр Рухшона Содиқзода суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки бинобар сабаби гарм шудани ҳаво ва оғоз гардидани мавсими оббозӣ талаботи мардум ба обу оббозӣ рӯз аз рӯз зиёд мегардад. Таҷрибаи солҳои охир нишон дод, ки ҳар сол дар мавсими оббозӣ аз сабаи риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ ва оббозӣ ҳодисаҳои ғарқшавӣ ба қайд гирифта мешаванд.  Мутассифона, аксарияти онҳо ҷавонону наврасон буда, аз сабаби бе масъулитии падару модар, омӯзгорон, ҳолатҳои мастӣ ва риоя накардани қоидаҳои бехатарии оббозӣ ғарқ шуда, ба ҳалокат мерасанд. Ба ҳозирин тавсия дода шуд, ки ҳангоми оббозӣ дар обутобгоҳҳои соҳили «Баҳри тоҷик» ва ҳавзҳои обии шаҳр талаботи бехатариро пурра риоя намуда, дар ҷойҳои манъшуда ва барои оббозӣ хавфнок, хусусан дар наздикии обтақсимкунакҳои каналҳо ва дигар ҷойҳои хатарнок вориди об нагарданд.

Дар мулоқот инчунин масъалаҳои пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳодисаҳои номатлуб дар байни наврасону ҷавонон мавриди муҳокима қарор гирифт.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2550
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:14686
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:2550
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:29213
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:53687
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8263199

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?