22 Май 2024
Санаи 22.05.2024 дар Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр маросими супоридани шаҳодатномаҳои гирандагони Стипендияи Раиси шаҳр дар соли хониши 2023-2024 баргузор гардид.
Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода ба гирандагони стипендия шаҳодатнома ва маблағҳои муқаррар гардидаро дар вазъияти тантанавӣ супорид.
Лозим ба зикр аст, ки дар доираи моҳвораи ҷавонон баҳри дастгирии хонандагону ҷавонони болаёқат ва ҳавасманд гардонидани онҳо қарори Раиси шаҳри Гулистон доир ба баргузории озмуни Стипендияи Раиси шаҳри Гулистон барои соли хониши 2022-2023 аз 04.05.2023, №96 ба тасвиб расида буд.
Бо ин мақсад санаи 13.05.2023 дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и маркази шаҳр озмуни Стипендияи Раиси шаҳри Гулистон барои соли хониши 2023-2024 миёни хонандагони синфҳои 8, 9 ва 10 муассисаҳои таълимии шаҳр баргузор гардид. Дар натиҷа 35 нафар ғолибон гирандаи Стипендияи Раиси шаҳр гардиданд.
Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода зимни суҳбат бо гирандагони Стипендияи Раиси шаҳр аз дастгирии давлату ҳукумат дар сиёсати давлатии ҷавонон ибрози назар намуда, таъкид дошт, ки соли ҷорӣ ҷиҳати дастгирии хонандагони болаёқат ҳаҷми маблағи Стипендияи Раиси шаҳр аз 1100 сомонии соли 2023 ба 1300 сомонӣ дар соли 2024 расонида шуд.
Гирандагони Стипендияи Раиси шаҳр аз дастгириҳои давлату ҳукумат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ёдовар шуда, изҳор намуданд, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо бо баҳои хубу аъло таҳсил менамоянд.