30 Май 2024
Имрӯз, 30.05.2024 Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ба МД “Маркази таҳсилоти иловагии шаҳр” бо ҷараёни баргузории як қатор маҳфилҳои амалкунандаи марказ дидан намуд.
Лозим ба зикр аст, ки бинои Муассисаи давлатии “Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон” бо тарҳу сохти замонавӣ бунёд гардида, бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 9-уми феврали соли 2022 ифтитоҳ гардид.
Муассиса ба системаи гармидиҳӣ васл карда шуда, аз рӯйи лоиҳа сохтмони иншооти мазкур аз таҳхона ва 3 ошёна иборат мебошад. Бинои мазкур дорои 13 синфхона, 1 маҷлисгоҳ, 1 толори хониш ва 3 утоқи корӣ борои маъмурият мебошад.
Иттилоъ дода шуд, дар синфхонаҳои марказ маҳфилҳо аз рӯйи 5 равия - техникӣ, экологӣ, ҳунарҳои мардумӣ, фаннӣ ва бадеӣ амал карда, 12 маҳфилро дарбар мегирад.
Маҳфилҳои муассиса дар ду баст машғулиятҳоро ба роҳ мондаанд. Ба маҳфилҳои Маркази таҳсилоти иловагӣ хонандагон аз муассисаҳои таълимии шаҳр ҷалб карда шудаанд. Дар муассисаи 14 нафар кормандони омӯзгорӣ фаъолият мебаранд. Дар муассиса маҳфилҳои ҳисобдон, забони русӣ ва англисӣ, бофандагӣ, сӯзанидӯзӣ, рӯзгордорӣ, дӯзандагӣ, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, компютерӣ, рассомӣ ва табиатдӯстон бо теъдоди 435 нафар фаъолияти пурсамар доранд.
Зикр карда шуд, ки роҳбари маҳфили “Забони англисӣ” Зарина Азизова санаи 3-юми феврали соли 2024 дар Шўрои диссертатсионии назди Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода рисолаи номзадии хешро дар мавзуи “Муқоисаи вижагиҳои грамматикии зарбулмасал ва мақолҳо дар забони англисӣ ва тоҷикӣ” сарбаландона ҳимоя намуда, имрӯзҳо барои забономӯзии маҳфилчиён саъю талоши арзанда менамояд.
Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода аз фаъолияти марказ изҳои қаноатмандӣ намуда, ба масъулини марказ ҷиҳати ҷалби бештари хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр ба маҳфилҳо дар давраи таътили тобистона, назорат намудани омодагии иштирокчиёни даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ, пурсамар истифода намудан аз шароиту имкониятҳои фароҳамоварда супориш дод.