15 Июн 2024
Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ба муносибати иди саиди Қурбон кӯдакони ятим ва шахсони дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ доштаро аёдат намуд. Ба кӯдакони ятим ва шахсони дорои имконияти маҳдуд кумаки моддӣ дар намуди маводи ғизоии ниёзи аввал расонида шуд.
Лозим ба зикр аст, ки иди саиди Қурбон аз ҷумлаи арзишҳои муқаддаси суннатии мардуми мусулмони мо буда, одамонро ба корҳои хайру саховат ва амалҳои нек ҳидоят менамояд. Ҷавҳари асосии Иди Қурбонро талқини арзишҳои инсонӣ, поси хотири гузаштагон, аёдати пайвандону хешу таборон ва хайру эҳсон ба ятимону маъюбон, дармондагону ниёзмандон ташкил медиҳанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳамаи иду айём шазсони ниёзманд, собиқадорони меҳнат ва шахсони куҳансолу барҷоймондаро аёдат менамояд.